Пайвандҳои дастрасӣ

Дастикам 32 кушта дар ҳамлаҳои дирӯзаи Ироқ


Бар асари бомбгузориҳои дирӯза дар Ироқ дастикам 32 тан кушта ва беш аз 100 тан захмӣ шудаанд. Пулис гуфт, зоҳиран аксари ҳамлаҳо шиъаҳо ё мақомҳои амниятиро ба ҳадаф доштанд. Бештари бомбгузориҳо дар Бағдоду манотиқи атрофи пойтахт – Тоҷӣ, Мадоин ва Тармия – рух доданд. Хунинтарин ҳамла дар Тоҷӣ иттифоқ уфтод, ки бар асари се таркиши мошинҳои бомбгузоришуда дар онҷо 8 нафар ҷон бохтанд. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамлаҳоро ба ӯҳда нагирифтааст, вале истифодаи мошинҳои бомбгузоришударо як шеваи хоси бахши ироқии Ал-Қоида медонанд.
XS
SM
MD
LG