Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қасди худкушии ду тоҷик дар пулиси Маскав


Шоми шанбе ду тоҷик дар пулиси минтақаи Красноселское дар Маскав ба ҷони худ қасд кардаанд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Муродуллоҳ Собирови 36-сола ва Толибҷон Чилаеви 24-сола дар атрофи вокзали Қазон дастгир шуда, бояд ба Тоҷикистон ихроҷ мешуданд, вале бо зиреҳи пӯстинашон рагҳои дастони худро буриданд. Маъмурони пулис мегӯянд, ҳардуро ба бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и ба номи Склифосовский бурданд, вале Чилаев ва Собиров аз бистарӣ шудан даст кашида, баъди дарёфти кумаки аввалияи тиббӣ аз бемористон фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG