Пайвандҳои дастрасӣ

Театри опера мизбони ҷашнвораи "Фалак" хоҳад шуд


Акс аз ҷашнвораи "Фалак-2012" дар Хуҷанд

Акс аз ҷашнвораи "Фалак-2012" дар Хуҷанд

Аз 8 то 11 октябр дар толори театри опера ва балети ба номи Айнии пойтахти Тоҷикистон даври ниҳоии ҷашнвораи байналмилалии “Фалак” доир хоҳад шуд. Ин ҷашнвора ба муносибати Рӯзи Фалак аст, ки 12 октябр таҷлил мешавад. Ҷашнвораи “Фалак” ба шарафи ин навъи овозхонии миллии мардуми тоҷик аз соли 2004 ба ин сӯ ҳарсол доир мешавад. Жанри “Фалак” бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ буда, ҳунармандони маъруфе, чун Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин жанранд.
XS
SM
MD
LG