Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Каримов имрӯз ба Ишқобод меравад


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имрӯз ба Ишқобод сафар мекунад. Тайи ин сафар, ки 2 рӯз давом хоҳад кард, ба гуфтаи дафтари матбуоти Каримов, ӯ бо ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов масоили ҳамкориҳои Узбакистону Туркманистон ва ҳам масоили доғи минтақаро баррасӣ мекунанд. Ислом Каримов мехоҳад бо пуштибонии кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ – Қазоқистону Туркманистон – кишварҳои болооб, яъне Тоҷикистону Қирғизистонро аз фикри сохтани нирӯгоҳҳои бузург баргардонад. Каримов зимни боздиди ду ҳафта пешаш аз Остона гуфта буд, сохта шудани нирӯгоҳҳои Роғуну Қамбар-Ота минтақаро шояд ҳатто ба низоъи мусаллаҳона бикашонанд. Вале раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пуштибонии чандоне аз ҳамтои узабакаш дар ин масъалаи ҳассос нишон надод.
Равобити Тошканду Ишқобод дар аҳди Сафармурод Ниёзов ба сардӣ гароида, режими Каримов ҳатто ба даст доштан дар сӯъиқасди соли 2002 ба ҷони Ниёзов айбдор мешуд. Вале дар аҳди Бердимуҳаммадов равобити ин ду ҳамсоя беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG