Пайвандҳои дастрасӣ

1 октябр - рӯзи интихоботу додгоҳи “Pussy Riot”


Имрӯз, 1 октябр, Гурҷистон интихоботи парлумонӣ дорад. Як додгоҳи Маскав имрӯз дархости манъи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо” ва додгоҳи дигараш шикояти аъзои маҳкумшудаи гурӯҳи “Pussy Riot”-ро баррасӣ мекунанд. Имрӯз раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо як сафари дурӯза ба Туркманистон меравад. Имрӯз дар Ню-Йорк расми эътои ҷоизаи “Emmy” дар бахши ахбори телевизион доир мешавад. Имрӯз, 1 октябр дар тақвими байналмилалӣ Рӯзи мардуми солхӯрда, Рӯзи мусиқӣ, Рӯзи манотиқи аҳолинишин, Рӯзи меъморӣ ва ҳам Рӯзи байналмилалии табибон аст.
XS
SM
MD
LG