Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Истиқлол" ҷоми президенти АФК-ро соҳиб шуд


Тими “Истиқлол”-и Тоҷистон дар мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсиюни Футболи Осиё пирӯз шуд ва ин ҷомро ба даст овард. Дар бозии ниҳоӣ, ки дар майдони марказии футболи шаҳри Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол” дар ҳузури тақрибан 20 ҳазор нафар тими Ал-Амари Фаластиниро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод. Дар марҳилаи ниҳоии ин бозиҳо, ки бори дуввум аст, дар Душанбе баргузор мешаванд, 6 дастаи осиёӣ ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG