Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳои хунин дар шаҳрҳои Ироқ


Имрӯз дар силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ 20 нафар кушта ва 70 тани дигар дигар маҷрӯҳ шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи ҳамла шиъамазҳабон ва маъмурони амниятӣ будаанд. Танҳо дар маҳаллаи Тоҷӣ воқеъ дар 20 километрии шимоли Бағдод бар асари таркиши пайиҳами се мошини бомбгузоришуда ҳашт нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Бомбгузориҳои хунин тақрибан дар 8 шаҳр мушоҳида шудааст ва мегӯянд, мумкин аст ин ҳамлаҳо кори дасти ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ бошад.
XS
SM
MD
LG