Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Иёлоти Муттаҳида аз оғози ҷанги 11-сола дар Афғонистон то кунун 2 ҳазор сарбози худро талаф додааст.

Мақомоти Амрико мегӯянд, бо қатли як сарбози ин кишвар аз тарафи як маъмури амниятии афғон, теъдоди сарбозони кушташудаи амрикоӣ дар ҷанги 11 солаи Афғонистон ба 2 ҳазор нафар расид. Як мақоми амрикоӣ таъйид кард, ки ин сарбозро шоми шанбе дар вилояти Вардак куштаанд.

Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки дар як тирандозӣ, як сарбози хориҷӣ ва паймонкори НАТО кушта шуданд ва талафот дар миёни сарбозони афғон будааст. Генерал Адриан Бредшоу, як фармондеҳи ин нерӯҳо дар шаҳри Кобул ба хабарнигорон гуфт: Бисёр ғамангез аст, ки як сарбози Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ бо як паймонкор ва се сарбози артиши миллии Афғонистон кушта шуданд."Ҷузъиёти дигари ҳодисаро ошкор накарданд, вале гуфтанд, ки таҳқиқ дар ин замина идома дорад.

Аммо Шаҳидулло Шаҳид, сухангӯи ҳукумати вилояти Вардак, гуфт, зоҳиран тирандозӣ ба иллати “сӯитафоҳум” байни ду тараф сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, "дар ноҳияи Саидобод дар вилояти Вардак бинобар баъзе сӯитафоҳум миёни сарбозони Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ва Артиши Миллии Афғонистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Талафот ҳаст, вале сабаби сӯитафоҳум, тирандозӣ ва теъдоди дақиқи қурбониён ҳанӯз маълум нест. Ҳарду тараф масъаларо таҳқиқ мекунанд."

Ҳодиса дар назди як постгоҳи артиши Афғонистон дар наздикии пойгоҳи муштараки нерӯҳои амрикоиву афғон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи баъзе дигар аз мақомоти Афғонистон, дар тирандозӣ ду сарбози афғон кушта шудаанд. Аз оғози соли ҷорӣ то кунун дар ҳамлаҳои маъмурони амниятии Афғонистон бо муттаҳидони ғарбиашон 52 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

Баъд аз авҷ гирифтани ингуна ҳамлаҳо, ду ҳафта пеш Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки амалиёти муштарак бо нерӯҳои афғонро камтар мекунанд. Аммо рӯзи панҷшанбе Леон Паннета, вазири дифои Амрико, гуфт, аксари нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон чунин амалиётро аз сар гирифтаанд.

Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон дар сӯҳбате бо телевизиони CBS-и Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ҳамлаҳои сарбозони афғон ба нерӯҳои ғарбӣ ӯро ба хашм овардааст. Ӯ дар ин мусоҳиба гуфтааст, онҳо омодаанд барои мубориза алайҳи ифротгароён дар Афғонистон ҷонфидоӣ кунанд, аммо на ба ин шакл. Толибон пайваста масъулияти ҳамлаҳои дохилӣ ба нерӯҳои хориҷиро бар дӯш гирифта ва гуфтаанд, ин ҳамлаҳо кори дасти аъзои онҳост, ки ба сафи артиши Афғонистон роҳ ёфтаанд.

Қарор аст, то соли 2014-ум нерӯҳои ҷангии хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, аммо қисме аз онҳо барои тарбияву тамрини сарбозони афғон хоҳанд монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG