Пайвандҳои дастрасӣ

Омори нави талафоти артиши ИМА дар Афғонистон


Артиши Амрико аз оғози ҷанги 11-солаи Афғонистон то кунун 2000 ҳазор сарбози худро талаф додааст. Мақомоти Амрико гуфтанд, шоми шанбе дар ҳамлаи як маъмури амниятии Афғонистон дар вилояти Вардак як сарбози амрикоӣ кушта шудааст. Пештар аз ин Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, ки дар ин ҳамла ҳамчунин як корманди қарордодии НАТО ҳам кушта шуд ва талафот дар миёни сарбозони афғон ҳам ҳаст. Шаҳидуллоҳ Шаҳид сухангӯи волии Вардак гуфтааст, ки тирандозӣ ба сабаби сӯитафоҳум байни ду тараф сар задааст. Соли равон дар маҷмӯъ 52 сарбози хориҷӣ ба дасти шарикони афғони худ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG