Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия силоҳҳои ғайриқонуниро ҷамъ мекунанд


Баъди амри артиши Либия садҳо нафар яроқу аслиҳаи худро ба мақомоти интизомӣ месупоранд. Барои ҷамъоварии силоҳ дар шаҳри Троблус, пойтахт ва шаҳри Бенғозӣ нуктаҳои махсуси ҷамъоварии силоҳ таъсис додаанд ва бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе мардуми зиёде барои супурдани туфангу маводи тарканда ва гранатомёт саф кашида буданд. Ҷамъоварии силоҳ дар Сурия баъд аз он сурат мегирад, ки рӯзи 11 сентябр бо ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ сафири Иёлоти Муттаҳида ва се дипломати дигари амрикоиро куштанд. Баъди ин мардум алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳе бархостанд, ки ба ҳукумат итоат намекарданд. Ҳукумати Либия мегӯяд, мумкин аст, 200 ҳазор нафар дар ин кишвар мусаллаҳ бошанд.
XS
SM
MD
LG