Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳои Ироқ 13 нафар кушта шуданд


Имрӯз дар силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ дасти кам 13 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти пулис ва бемористонҳо гуфтанд, танҳо дар маҳаллаи Тоҷӣ воқеъ дар 20-километрии шимоли Бағдод бар асари таркиши пайиҳами се мошини бомбгузоришуда ҳашт нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Бомбгузориҳои хунини дигар дар шаҳрҳои Бақуба ва Кут дар наздикии Бағдод низ ба вуқуӯъ пайвастаанд.
XS
SM
MD
LG