Пайвандҳои дастрасӣ

Дар оташсӯзии корхонаи коркарди нафт дар вилояти Тюмени Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар асари сӯхтор дар корхонаи коркарди нафти вилояти Тюмени Русия панҷ шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтаанд. Ин корхона дар 66-ум километри роҳи Тюмен - Ханти Мансийск ҷо гирифтааст.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, дар сӯхтори рӯзи шанбеи Тюмен инчунин се шаҳрванди дигари кишвар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ба қавли Давлат Назриев, онҳо ин хабарро аз консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Екатеринбурги Русия дастрас намудаанд. Ин масъули дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ному насаб ва соли таваллуди тоҷиконеро, ки дар ин ҳодиса ҷон бохта ва ё осеб дидаанд, дар ихтиёри мо гузошт, то ба гуфтаи ӯ, наздикони онҳо ба вазорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург муроҷиат кунанд.

Ному насаби онҳое, ки дар сӯхтори рӯзи шанбе (29-уми сентябр)-и вилояти Тюмен ҷон бохтаанд:

Олимҷон Сатторов (8 марти соли 1968); Одил Олимов (7 феврали соли 1971); Раҳим Боқиев (19 августи 1986); Кабирҷон Ҳамроқулов (28 майи соли 1975); Ринат Мухамметдинов (7 марти соли 1971) ҷон додаанд.

Онҳое, ки ҳоло дар бемористонанд:

Абдунавил Эгамбердиев, Валерий Петраев ва Адам Гагиев.
Як нафари дигар дар ин ҳодиса бенишон шудааст, вале ҳуввияти ӯ ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи мақомоти расмии Русия зоҳиран, ихроҷи газ сабаби инфиҷор ва сипас оташсӯзӣ дар корхонаи нафт шудааст. Додситонии минтақавӣ дар робита ба ин фалокат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG