Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи "Хайр" бар ССКА "Помир"-и Душанбе пирӯз шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Се бозии даври ҳаждаҳуми Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Рӯзи шанбе, 29-уми сентябр, се бозии даври ҳаждаҳуми сабқати қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Нахуст, вохӯрии дастаи "Гвардия"-и Душанбе бо тими "Ҳосилот"-и Фархор бо пирӯзии аввалӣ (1:0) анҷом ёфт. Танҳо голи ин бозиро Абдурасул Раҳмонов ("Гвардия") дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Яке аз муддаиёни медали тилои Лигаи олии футболи Тоҷикистон -- дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар майдони худ бо ду голи беҷавоб ССКА "Помир"-и Душанберо мағлуб сохт. Голи аввалро Рустам Хоҷаев дар дақиқаҳои аввали бозӣ ва тӯби дувумро Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 82-юм вориди дарвозаи ҳарифон карданд.

Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Зарафшон"-и Панҷакент бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Танҳо голи панҷакентиҳоро Фаридун Шарифов ва ду голи хуҷандиҳоро ба Пирмурод Бурҳонов ва Фозил Сатторов ба ҳадаф расонданд.

Бо ин ҳол, дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи "Регар-ТадАЗ" пешсаф аст. Дар ҷои дувум дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ва дар ҷои севум "Хайр"-и Ваҳдат ҷо гирифтаанд. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки ба далели ширкат дар бозиҳои Ҷоми раиси Конфедератсияи Осиё чанд бозии худро ба таъхир гузоштааст, ҳоло дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Ҷадвали мусобиқоти Лигаи олии Тоҷикистон:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

12

2

1

35-10

38

2

«Равшан» (Кулоб)

15

12

1

2

22-6

37

3

«Хайр» (Ваҳдат)

16

10

3

3

29-18

33

4

«Истиқлол» (Душанбе)

13

9

2

2

32-8

29

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

15

8

2

5

32-20

26

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

7

2

5

20-9

23

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

6

2

8

22-26

20

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

5

4

7

16-19

19

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

16

5

3

8

24-32

18

10

«Энергетик» (Душанбе)

14

3

5

6

18-19

14

11

«Ҳосилот» (Фархор)

16

4

1

11

16-35

13

12

«Гвардия» (Душанбе)

16

2

0

14

9-42

6

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

16

1

3

12

17-48

6


Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") - 11 тӯб, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (ҳарду аз "Парвоз") - 9-тӯбӣ ва Габриэл Донто ("Энергетик"), Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 8-тӯбӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG