Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳофизони президенти Чех бесалоҳиятӣ нишон доданд


Ватслав Клаус, президенти Ҷумҳурии Чех (дар байн)

Ватслав Клаус, президенти Ҷумҳурии Чех (дар байн)

Муҳофизони президенти Ҷумхурии Чех Ватcлав Клаус натавонистанд, ӯро аз як сӯиқасди тақаллубӣ ё рамзӣ ҳимоят кунанд.

Рӯзи ҷумъа, 28-уми сентябр, дар ҳоле раисиҷумҳур Ватслав Клаус дар маъракаи ифтитоҳи пули нав дар минтақаи Либеретский иштирок дошт ва бо мардум сӯҳбат мекард, сокини 26-солаи ин кишвар Павел Ондроуш ноаён ба президент наздик шуда, мили таппончаи пластикиро ба тани ӯ зер кард ва се тир парронд.

Шабаки телевизионии "Прима"-и Ҷумхурии Чех ҳолати "сӯиқасд"-ро сабт кард. Навор дақиқан нишон медиҳад, ки чӣ тавр Павел Онроуш, ки дар тан "комуфляж" дошт, ба раисиҷумҳур наздик шуд ва таппончаи пластикиро ба тарафи рости президент зер кард ва се бор тир холӣ намуд.

Президент, ки дар ин вақт дар иҳотаи иштирокдорони маросим буд, чизеро дарк накард. Он чиро, ки дурбини телевизион ба навор бардошт, аз мадди назари муҳофизони президент дур монд ва онҳо барои пешгирӣ аз он маҳорат нишон надоданд. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки Павел Ондроуш аз президент дур ва дар байни мардум гум шуд, нахуст хабарнигорон аз паси ӯ давиданд, на муҳофизони президент.

Павел Ондроуш сӯҳбати кӯтоҳеро бо хабарнигорон анҷом дод ва баъдан боздошт шуд. Аммо онҳое, ки ӯро боздошт карданд, ходимони пулиси маҳаллӣ буданд, на муҳофизони раисиҷумҳур. Назари коршиносони амниятӣ, ки наворро тамошо карданд, якранг аст: агар Павел Ондроуш воқеан қасди куштани президентро медошт, дар дасти ӯ на таппончаи пур аз гулӯлаҳои пластикӣ, балки таппончаву тирҳои ҳақиқӣ мебуд ва ӯ барномаи худро ба осонӣ пиёда мекард.

Вокуниши Ватслав Клауси 71-сола ба ин ҳодиса оромона буд. Ӯ гуфт, мутаассифона, дар гирду атроф одамони номукаллаф зиёданд. Президент баъдан эътроф кард, ки ҳодиса бо суръати баланд ҷараён гирифт ва ӯ фурсати тарсидан надошт. Ба дунболи ин ҳодиса президент ба бемористтони низомӣ интиқол ёфт ва маълум шуд, ки ба ҷуз захми сабук дар оринҷ ӯ дигар осебе надидааст ва сиҳату саломат аст.

Бо вуҷуди он ки ҳодисаи рӯзи ҷумъа барои президенти Ҷумхурии Чех анҷоми хуб дошт, аммо пешгӯӣ мешавад, ки он барои муҳофизони президент оқибати нохуб хоҳад дошт. Ҳоло маълум нест, ки додгоҳи Чех Павел Ондроушро аз рӯи кадом банди қонун муҷозот мекунад, аммо худи чехҳо мегӯянд, як нукта рӯшан шуд, ки муҳофизони президент салоҳияти корӣ надоштаанд.

Мутахасисони соҳаи амният мегӯянд, "сӯиқасдҳои рамзӣ" кайҳо боз дар Ҷумҳурии Чех ба суннат табдил шудааст ва сӯиқасдкунандаҳо намехоҳанд нафареро, ки ҳадаф қарор додаанд, ҳалок ё захмӣ кунанд. Ҳадафи онҳо ибрози норозигӣ ва ё чизе мисли "гуфтугӯи мардона" аст.

Аз соли 1992-юм дар Ҷумҳурии Чех бо ин шева алайҳи сиёсатмадорон 16 "сӯиқасд" анҷом шудааст. Собиқ нахуствазири ин кишвар Мирек Тополанек низ мавриди ин гуна сӯиқасд карор дошт ва ҳуҷумкунандаҳо дар зери чашми ӯ доғи кабуд гузошта буданд. Аммо ҳеҷ як аз сиёсатмадорони ин кишвар дар пайи сӯиқасдҳои тақаллубӣ ҷони худро аз даст надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG