Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Маҷмаи умумии СММ аз тарҳи Роғун ҳимоят кард.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ набудани "ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории лозима" дар Осиёи Марказӣ ва радди "манфиатҳои қонуниву ҳаётии Тоҷикистон"-ро дар минтақа сабаби он донист, ки кишвараш зиёда аз даҳ сол ба ин ҷониб "дар шароити камбуди шадиди нирӯи барқ дар мавсими сармо ба сар мебарад."

Ҷаноби Зарифӣ дар паёмаш ба Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, дар ҳоле ки кишвараш аз манбаъҳои дигари энержӣ маҳрум аст ва аммо соҳиби захираҳои азими барқи обист, бино бар "санадҳои байналмилалӣ, ҳаққи комил дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла нирӯи барқро ба манфиати мардуми худ истифода барад."

Ин паёми вазири Тоҷикистон соатҳое пас аз сухани ҳамтои ӯ аз Ӯзбакистон, Абдулазиз Комилов садо дод, ки гуфт, ҳама гуна иншоот дар рӯдҳои фаромарзӣ бояд бо ташхиси байнулмилалӣ ва назардошти ҳаққи кишварҳои поёноб сохта шаванд. Ӯ нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота-1 дар Қирғизистонро ном бурд ки ба гуфтаи Ӯзбакистон дар сурати сохта шудани онҳо маҷрои об ба Ӯзбакистон коҳиш хоҳад ёфт.

Ҷаноби Зарифӣ дар паёмаш талош кард, ба ин нигарониҳо посух диҳад. Вай гуфт: "Лозим медонем, аз ин минбари баланд бо тамоми масъулият изҳор намоем, ки Тоҷикистон зимни истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикии худ нияти пайгирӣ намудани танҳо манфиатҳои худ ба зиёни тараферо надорад. Баръакс, мо ҷонибдори самимии ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ ҳастем."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои кишварашро бо Бонки ҷаҳонӣ дар заминаи арзёбии фанниву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии тарҳи Роғун "нишондиҳандаи мавқеи созанда"-и кишвараш унвон кард. Вай ишора кард, ки тарафҳои зидахл аз изҳороту амалҳои шитобкорона ва ноозмуда, ки ба фазои дӯстию ҳамкорӣ ва равобити ҳасанаи ҳамсоягӣ созгор нестанд, худдорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш раисиҷумҳури Ӯзбакистон, Ислом Каримов дар сафараш ба Қазоқистон гуфт, баҳсҳои марбут ба об дар Осиёи Марказӣ метавонанд, сабаби ҷанг шаванд.

Ишораи дигари ҷаноби Зарифӣ низ беш аз ҳама ба кишвари ҳамсоя рабт дошт. Вай гуфт: "Дурии ҷуғрофии кишвари мо ва набудани баромад ба баҳр монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори он мебошад. Дар чунин шароит, бешубҳа, фаъолияти бемамониати роҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки Тоҷикистонро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷаҳони хориҷ мепайванданд, аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад."

Мақомоти Тоҷикистон борҳо шикоят кардаанд, ки Ӯзбакистон барои ҳамлу нақли бору коло ба Тоҷикистон монеъ мешавад ва аз ҷумла баҳси наздик ба як сол дар қаламрави Ӯзбакистон боздошт шудани вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар аксари расонаҳои байнулмилалӣ ба нашр расида буд. Ҷаноби Зарифӣ аз СММ даъват кард, "ин масъаларо ба таври бояду шояд" мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳад." Вай ҳамчунин аз Созмони Милал хост, дар соли 2013, ки бо ташаббуси Тоҷикистон "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" эълон шудааст, мушкили обу энержии минтақа ҳалли одилона пайдо кунад.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин хабар дод, ки кишвараш мехоҳад, номзадии худро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2015-2017 пешниҳод кунад. Дар ин замина вай нигаронии ҳукумати кишварашро аз ҳолате, ки "бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом" ба мушоҳида мерасад баён намуд ва чунин аъмолро маҳкум кард.

Шабеҳи паёмҳои гузаштааш, намояндаи Тоҷикистон ба вазъ дар Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 аз ин кишвар, нақши Тоҷикистон дар густариши сулҳу амният ва рушди иқтисодии кишвари ҳамсоя ишора намуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG