Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пойгоҳи Русия ё нерӯҳои эътилофӣ?


Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия.

Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия.

Мақомоти Русия ифшо карданд, ки созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон имсол низ имзо намешавад.

Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия дар мусоҳибае бо радиои «Эхо Москви» гуфт, бинобар рафъ нашудани ихтилофи назарҳо, эҳтимолан раҳбарони ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2013 созишномаро имзо хоҳанд кард ва то он замон бояд ду тараф дар мавриди шароити ҳузури пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба мувофиқа бирасанд.

Аммо зоҳиран ин пойгоҳи Русия нахоҳад буд, балки ба гуфтаи Владимир Чиркин, «як чизе ба мисли нерӯҳои эътилофии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ» хоҳад буд, ки ҳадафаш муқобила бо таҳдидҳои мавҷуди байналмилалӣ аст. Генерали рус дар идомаи сӯҳбаташ гуфт:
Онҳо (Тоҷикистон) аз мо кӯмакҳои молии бузург мехоҳанд, ки солона садҳо миллион долларро ташкил медиҳад. Бешак мо кӯмакҳои моливу техникӣ хоҳем кард ва мехоҳем, ки ин нерӯҳои эътилофиро худамон комилан таъмин кунем.”

Ин изҳори назари генерали рус дар ҳолест, ки сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябр оғоз меёбад ва интизор меравад дар ҷараёни он санадҳои муҳиме, ки комиссияҳои байнидавлатӣ дар бахши ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ омода кардаанд, ба имзо расанд. Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мумкин аст, дар ҷараёни ҳамин сафар имзо шавад.

Музокирот дар бораи ҳузури пойгоҳ бештар аз як сол аст, ки идома дорад ва соле пеш Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия бо садои баланд дар Душанбе эълом карда буд, ки ин созишнома дар семоҳаи аввали соли равон имзо хоҳад шуд ва бар асоси он пойгоҳи бузургтарини Русия хориҷ аз ин кишвар барои 49 сол ва ба таври ройгон дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо ингуна нашуд ва тӯл кашидани музокирот ва ихтилофоти назарҳо муносиботи Тоҷикистону Русияро сард кард ва то ҳадде, ки вазирони дифоъи Русияву Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав дар ҳузури хабарнигорон, ошкоро баҳсу кашмакаш карданд.

Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки 7 ҳазор сарбоз дорад, соли 2014 ба поён мерасад ва бинобар ихтилофоти назарҳои амиқ ду тараф натавонистаанд, созишнома дар бораи тамдиди ҳузури онро ба имзо бирасонанд. Русия мехоҳад ва Владимир Чиркин инро дар мусоҳибааш боз ҳам таъкид кард, ки пойгоҳ дар Тоҷикистон ройгон ва барои 49 сол бимонад, аммо давлати Тоҷикистон ин шартро напазируфта ва бино ба гузоришҳо хостааст, то Русия солона барои пойгоҳ 250 миллион доллар ҳаққи иҷора бипардозад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG