Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон баҳси Роғунро дигарбора ба СММ кашонд


Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон.

Тошканд мегӯяд, ки Душанбеву Бишкек бояд зимни сохтани нерӯгоҳҳо, назари онҳоро низ ба инобат бигиранд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт: “Ба эътиқоди мо, тамоми тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооби ҳавзаи рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё бояд таҳти васояти Созмони Милал мавриди таҳқиқи байналмилалӣ қарор гирифта ва ҳатман бо кишварҳои поёноб мувофиқа карда шаванд.”

Абдулазиз Комилов нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота дар Қирғизистонро ном бурд, ки ба гуфтаи мақомоти Узбакистон дар сурати бунёди ин ду нерӯгоҳ, Узбакистон ва Қазоқистону Туркманистон оби кофӣ барои обёриву хӯрдан нахоҳанд ёфт. Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ин як дурӯғи маҳз аст. Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, ягона роҳи халосии онҳо аз бебарқӣ бунёди ҳамин нерӯгоҳҳо аст.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон, ҳарфҳои пешинаи ҳукумати кишварашро такрор кард, ки гӯё нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо садди 350 метрӣ ва баландтарин дар ҷаҳон дар саргаҳи Амударё ва нерӯгоҳи Қамбарота бо садди 275 метрӣ дар саргаҳи Сирдарё дар Қирғизистон, дар маҳалҳои зилзилахез сохт мешаванд, ки дуруст нест. Ба гуфтаи ӯ, “захираҳои нокофии об дар минтақа дар навбати аввал бояд барои хӯрдан ва эҳтиёҷоти беҳдоштӣ истифода шавад ва сипас барои таъмини амнияти ғизоӣ ва эҳтиёҷоти саноатӣ ва нерӯи барқ”.

Ин баёнияи вазири умури хориҷии Узбакистонро бар хилофи амалкардҳои худи ин кишвар медонанд, ки қисмати зиёди оби минтақаро фақат барои эҳтиёҷоти иқтисодӣ, бахусус обёрии пахта, як зироати обталаб сарф мекунад. Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки тақрибан 70 дарсади корҳои сохтмониаш такмил шудааст, бо тавоноии 3600 мегават, метавонад, Тоҷикистонро аз як кишвари мӯҳтоҷ ба нерӯи барқ ба фурӯшандаи он табдил диҳад.

Айни ҳол арзёбиҳои байналмилалии таъсироти муҳитизистӣ ва фанниву иқтисодии он аз тарафи ширкатҳои ғарбӣ идома дорад.Тарҳи ин нерӯгоҳ муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро ба ҳадди бесобиқае бад кардааст. Нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон ҳанӯз дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ кардаанд ва моҳи сентябр Қирғизистону Русия созишномаеро барои бунёди ин нерӯгоҳ имзо карданд. Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон чанде пеш, кишварҳои минтақаро тарсонд, ки ҷанҷол бар сари тақсими об метавонад, Осиёи Марказир ба ҷанг бикашонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG