Пайвандҳои дастрасӣ

Мардум ба вакилон аз фаҳшо, "Роғун" ва андозҳо гуфтанд


Бинои парлумони Тоҷикистон.

Бинои парлумони Тоҷикистон.

МН дар ҳоле иҷлосияи навбатии худро даъват кардааст, ки давраи мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон ба охир расид.

Масъалаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», паёмади роҳбандиҳои Узбакистон ба иқтисоди Тоҷикистон, интихоботи президентии соли 2013, нооромиҳои ахири Хоруғ, мушкили андоз, норасоии об барои кишт, нигаронӣ аз афзоиши фаҳшо дар навоҳии дурдаст, аз ҷумлаи суолу ҷавоби мардум бо вакилон будааст.

Тайи як моҳ аз ибтидои моҳи сентябр ба ин тараф вакилони мардумӣ дар деҳоту маҳалаҳо ва навоҳию шаҳрҳои кишвар бо интихобкунандагони худ мулоқот доштанд. Аксари вакилон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир доир ба мулоқотҳо бо мардум ҳисобот менависанд ва онро бояд ба Шӯрои МН пешниҳод кунанд.

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Генерал Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он беш аз 6 мулоқоту дидор бо интихобкунандагон доштааст ва аммо масъалае, ки ӯро такон додаст, вазъи фаҳшо ва танфурӯшии духтарони занон дар ин минтақа будааст. Вай мегӯяд, ки интихобкунандагонаш дар ҳар масъалаи иҷтимоӣ ба ӯ суол додаанд, аммо афзоиши танфурӯшии занон, ҳатто духтарони синни мактабӣ ӯро бештар ба ташвиш андохтааст. Саодат Амиршоева гуфт, ки ҳатман гузориши махсус ба ҳукумати ҷумҳурӣ, Додситони кулл ва Вазорати молия пешинҳод хоҳад кард.

«Воқеан масъалаи танфурӯшии занону духтарҳо боиси ташвиши мардуми Қӯрғонтеппа шудааст. Ман ду сол боз ба ин тараф ба Вазорати умури дохила менависам, мутаассифона аҳамият намедиҳад. Шӯъбаҳои милиса аз 2 ва 4 соат бештар наметавонанд танфурӯшонро нигоҳ доранд, зеро шароит надоранд. Ва мехоҳам, ки дар назди ин шӯъбаҳо ба мисли ҳушёрхонаҳо барои танфурӯшон утоқҳое дуруст карда шавад, ки тавонанд маълум кунанд, ки ин духтар соҳиб дорад? Чаро ба ин роҳ рафтааст? Ҳоло мардуми Қӯрғонтеппа аз дасти инҳо ба дод омадааст».

Масъалаи дигаре, ки мардум бештар пурсидаанд, ба Қонуни нави андоз марбут аст. Ба қавли Саодат Амиршоева, бо вуҷуди он, ки ин қонун ба тасвиб расидааст, вале баъзе печидагиҳо ҳамчунон боқӣ мондаанд. Беш аз як сол мешавад, ки бар асари қатъи интиқоли гази Узбакистон, корхонаи АЗОТ (Истеҳсоли нуриҳои минералӣ) фаъолият намекунад, вале андози он ҳисоб карда мешавад, ё идораи Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа пас аз қатъ шудани роҳи оҳани Узбакистон аз идораи Андоз 1 миллиону 200 ҳазор доллар қарздор шудааст. Ҳоло бар асари камбуди газ чаҳор комбинати орд дар ин вилоят аз фаъолият бозмондааст, вале андоз ҳамчунон баста мешавад. Ба назар мерасад, ки мардум оид ба мушкили худ чун даврони пешин ба вакилон арз мекунанд.

Аммо вакили дигари Маҷлиси Намояндагон Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки мақомоти ҳукумати маҳале, ки вай вакил мебошад, бо ҳар баҳона мулоқотҳои ӯро созмон намедоданд. Ҷаноби Ҳусайнӣ, ки намояндаи ҲНИТ дар парлумон аст, мегӯяд, ки ҳамагӣ як маротиба дар ноҳияи Бохтар мулоқоти расмӣ бо мардум доштааст, ки дар он танҳо се-чаҳор духтари пахтачин иштирок кардаанд.

Саидумар Ҳусайнӣ меафзояд, ки дар намозҳои ҷумъа бо мардум ба таври ғайрирасмӣ рӯ ба рӯ сӯҳбат мекардааст, ки онҳо дар ҳар масъалаи барои худ муҳим, суолҳоро матраҳ мекарданд: «Раиси ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод пурсид, ки оё намешавад ҳамаи мардуми кишвар миён бандему дар интихоботи соли 2013 номзадии Эмомалӣ Раҳмонро
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ.

пешниҳод кунем. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки агар мо дар ҳақиқат ҷаноби Раҳмонро эҳтиром кунем, бояд алтернатива - номзадҳои дигари шоиста ҳам пешниҳод кунем, ки нагӯянд ин интихобот ғайридемократӣ ва ғайримунсифона буд. Мардум ба ҳама масъалаҳои мавҷуд дар кишвар таваҷҷӯҳ доранд.»

Саидумар Ҳусайнӣ бо таассуф ёдовар мешавад, ки мақомоти ҳукуматӣ дар маҳалҳо бо вай ҳамкории дуруст накарданд ва ӯ аз мулоқот бо доираи васеъи мардум маҳрум шудааст.

Як суоле, ки тақрибан ҳамаи вакилон дар мулоқот бо мардум ба он рӯбарӯ шудаанд, вазъи минбаъдаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" пас аз изҳоротҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва аз маҳалли сохтмони озод карда шудани коргарон будааст. Азбаски мардуми деҳот иттилои дуруст доир ба ҷараёни сохтмони «Роғун»-ро надоранд, ин амр боиси ба миёни омадани суолҳои зиёд шудааст.

Рустам Лаnифов, вакили дигари Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки дар мавриди ин суолҳо мардумро мутақоид кардаанд, ки «Роғун» сохта мешавад ва изҳоротҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя, садди идомаи сохтмон нахоҳад шуд:

«Баъзеҳо суол доданд, ки Бонки Ҷаҳонӣ изҳорот пахш карду вазъи «Роғун» чӣ мешавад. Мо гуфтем, ки баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ тавсия ҳаст ва мо машваратҳоро ба эътибор мегирем, аммо ин ба маънои указ ё фармон нест ва ҳеҷ созмон ва давлати дигар фармон дода наметавонад, ки сохтмонро қатъ кунед. Дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ суол медоданд ва мо пешниҳод кардем, ки бояд ҷавононро дуруст тарбия кард ва ба марказҳои мухталифи тарбиявӣ ҷалб намуд.»

Аксари вакилон мегӯянд, ки масъалаи тақсими нодурусти замин дар маҳаллаҳо, норасоии об барои кишти замин, афзоиши нархҳо ва ночиз будани музди кор, андози беандоза аз шумори суолҳо буданд, ки мардум аз мақомоти масъули кишвар ҳалли амалӣ ва мусоидат барои ҳалли онҳоро мехоҳанд.

Дар ҳоли ҳозир вакилони мардумӣ то баргузории иҷлосияи навбатӣ, ки қарор аст рӯзи 1-уми октябр баргузор шавад, гузоришҳои худро оид ба мулоқот ва натиҷаи онҳо омода намуда, ба раёсати Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамоянд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG