Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли додситонӣ барои таҳқиқи марги Ҳамза Икромзода


Додситонии Кулли Тоҷикистон қавл додааст, ки қазияи марги баҳсбарангези Ҳамза Икромзодаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард, ки ба гуфтаи хешовандонаш бар асари ҷабру зулми зиндонбонон ҳалок шудааст. Хабаргузории “Азия Плюс” навиштааст, ки Раҳматулло Холов, додситони Раёсати назорати иҷрои қонун дар маҳбасҳои Тоҷикистон рӯзи шанбе ба хешовандони Ҳамза Икромзода дар назди Додситонии кулл гуфтааст, ба ӯ амр додаанд, ҳамин қазияро баррасӣ кунад. Ҳамза Икромзода 27-сола сокини ноҳияи Ҳисор рӯзи 20 сентябр дар зиндони рақами як дар Душанбе даргузашт ва хешовандонаш мегӯянд, дар бадани ӯ осори шиканҷа ва латукӯб мушоҳида мешуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин зиндонӣ худкушӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG