Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии Ал-Шабоб аз як шаҳри муҳими Сомалӣ


Ҷангҷӯёни гурӯҳи Ал-Шабоб дар Сомалӣ, ки як ҳалқаи Ал-Қоида маҳсуб мешавад гуфтаанд, рӯзи шанбе аз шаҳри Кисмаё, ягона истеҳкомашон дар Сомалӣ ақибнишинӣ кардаанд. Шайх Алӣ Маҳмуд Роғ, сухангӯи Ал-Шабоб гуфтааст, ин ақибнишини тактикӣ аст, ки бо амри фармондеҳони гурӯҳ сурат мегирад. Сокинони шаҳри бандарии Кисмаё таъйид карданд, ки ҷангҷӯёни созмони Ал-Шабоб аз шаҳр берун рафта ва радиои онҳо, бо номи Радиои Андалус низ дигар барнома пахш намекунад. Рӯзе пештар аз ин нерӯҳои Иттиҳодияи Африқо дар Сомалӣ ба шаҳри Кисмаё юриш бурданд, ки ягона роҳи ҳаёти таъминоти Ал Шабоб ба ҳисоб мерафт. Ҷангҷӯёни ин созмони тундрави исломиро соли гузашта аз бисёре аз гӯшаҳои шаҳри Муқадишу пойтахти Сомалӣ ва дигар шаҳрҳои ғарбӣ ронданд. Ин гурӯҳ аз он замон аз ҷанги ошкор ба ҷангҳои партизанӣ гузаштааст.
XS
SM
MD
LG