Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдорӣ аз эмгузаронӣ. Тарси баҷо ё аз ҷаҳолат?


Дар ҳоле, ки аз оғози маъракаи рӯзҳои миллии эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак ё худ дифтерия дар Тоҷикистон 6 рӯз сипарӣ мешавад ва марҳалаи аввали он дар ҳоли анҷомёбист, аммо ин раванд ба кундӣ ҷараён дорад.

Зеро на ҳама волидайн алоқаманди эмкунии фарзандонашон ҳастанд ва ба ин кор монеъ низ мешаванд.

Дилшод, падари чор нафар фарзанд, ки ҳамаи онҳо толибилми мактабанд, ба кӯдаконаш гуфтааст, «агар зарур ояд дару тирезаҳои мактабро шиканед, вале нагузоред, ки шуморо эм кунанд».

Дилшод дар сӯҳбат бо РО гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин гуна иқдомот ва барномаҳо бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегарданд, ӯ ба манфиатнокии чунин маъракаҳо шубҳа дорад: «Ҳар як формаи иммунизатсия бояд бе ҳузури иммунолог нашавад. Чунки организми ҳар як одам хусусиятҳои худаша дорад. Созмони ҷаҳонии тандурустиро мумкин ҳамчун як омил истифода мебаранд барои сиёсатҳои рӯпӯши худ. Масалан, барои кам кардани аҳолии замин. Он приривкае, ки ба фарзандони мо мекунанд, мумкин дар оянда ин кӯдакро безурёт кунад ва ё ин ки қобилияти идрокиашро кам намояд. Ду-се духтури шинос дорам, онҳо худашон фарзандонашонро аз ин чиз нигоҳ медоранд».

Норозигии баъзе аз волидон ва саркашии аксар ҷавононро дар раванди эмгузаронӣ, ҳамшираи тибби оилавӣ Раҷабмоҳ Ҳакимова низ тасдиқ мекунад.
Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Ба гуфтаи Раҷабмоҳ Ҳакимова, ҳар рӯз бояд онҳо 200 нафарро воксина гузаронанд, аммо ҳамарӯза шумораи эмгузаронандаҳо ба 130-140 нафар мерасад, ки ба гуфтааш ин барои сари вақт анҷом додани ин маърака монеа иҷод мекунад: «Касал мешавем, мумкин не, вирус мегирем ё ин ки дар мо ягон доруро озмоиш карданиед ва эмгузаронӣ гӯён баҳона мекунед гуфта, розӣ намешаванд».

Сару садоҳо аз ин ки бо як сӯзандору ба чанд нафар ваксина гузаронида мешавад, мояи нигаронии амиқи сокинон низ шудааст. Аммо Сайёҳат Муҳаммадҷонова, пизишки Маркази саломатии шаҳрии №9 ин гуна овозаҳоро аз ҳақиқат дур мепиндорад. Афзун бар ин, ба гуфтаи Муҳаммадҷонова, ваксинаи зидди бемории гулӯзиндонакро тамоми организм бе душворӣ қабул мекунад, ба ҷуз аз мавориде, ки инсон бемориҳои сафедшавии хун ва саратонро надошта бошад. Дар дигар ҳолатҳо ин ваксина танҳо ба фоидаи инсон аст: «Ҳамин ваксинаро боз як ҷиҳати хубиаш ҳамин, ки иммунитети одамро бақувват мекунад. Организми инсон ба ҳар як микроб тобовар мешавад. Касе, ки ин гуна овозаҳоро паҳн менамояд, ин аз нофаҳмиву бесаводии онҳо сар мезанад. Ман худам шахсан фарзандонамро ҳамин инйексияе, ки барои пешгирии гулӯзиндонак мегузаронанд, якумин шуда гузаронидам, ин ягон зарар надорад».

Зимнан, даври аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак дар Тоҷикистон 24-уми сентябр оғоз ёфт ва рӯзи шанбеи 29-уми сентябр анҷом меёбад
Ин раванд нафарони синни аз 7 то 21 соларо дар бар мегирад. Аммо Cоҳибназар Турков, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба вазъи феълии фарогирии аҳолӣ бо маъракаи эмкунӣ гуфт, ки дар ин самт мушкилӣ вуҷуд дорад.

Бо ин ҳам Соҳибназаров роҷеъ ба мизони фарогирии аҳолӣ ба раванди эмгузаронӣ омори дақиқе оварда натавонист, аммо гуфт: «Мактабхонҳоро ба осонӣ эм кардан мумкин. Сатҳи фарогирии онҳо хуб аст. Лекин ҷавононро бошад, бинобар сабабе, ки дар хизмату дар муҳоҷират ҳастанд, душвор аст. Мо ҳоло рӯйхат кардем, ин гуна нафарон ҳар вақте ки омаданд, ваксиназанӣ мешаванд. Боз занҳои ҳомиладор низ ҳастанд, ки эм кардани онҳо мумкин нест».

Аммо муовини директори Маркази миллии эмгузаронӣ мегӯяд, талош хоҳанд кард, то анҷоми маъракаи эмгузаронӣ ҳадди ақалл 95 дар сади аҳолии мавриди назар бо эмкунӣ фаро гирифта шаванд. Дар ҳамин ҳол, зимни як пажӯҳиши СҶТ ва Вазорати тандурустӣ маълум гардидааст, ки масунияти бадани аксарияти
афарони аз сини 3 то 21- сола дар Тоҷикистон ба бемории гулӯзиндонак тобовар нест. Ин аст, ки маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории гулузиндонак ё дифтерия на танҳо бо маблағҳои буҷаи Тоҷикистон, балки бо кӯмаки созмонҳои балмилалӣ, назири ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ иҷро мегардад.

Зимнан, Тоҷикистон дар солҳои 1993 то 1999 чандин маротиба шоҳиди хуруҷи бемории дифтерия шуда, ки дар натиҷа бештар аз 10 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало шуда ва зиёда аз 800 нафар дар пайи ин беморӣ ҷон додаанд.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шумори гирифторони ин беморӣ ангуштшумор аст, вале хатари ногаҳон пайдо ва паҳн шудани он вуҷуд дорад.
Гулӯзиндонак бештар бо ғадудҳои нафаскашии одам сару кор дорад. Ва метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ пеши роҳи нафаси одамро баставу ӯро ба марг мувоҷеҳ созад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон, даври дуюми ваксинзании аҳолӣ бар зидди бемории гулузиндонак, ки афроди аз 13 то 21 - соларо дар бар мегирад, 29-уми октябр оғоз гардида, 3-юми ноябр поён меёбад.
Дар маҷмӯъ дар чорчӯби маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории гулузиндонак, ҳудуди 2,5 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон ваксина ё эм карда мешаванд.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG