Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конҳои истихроҷи ангиш аз тавлиди чашмгир иттилоъ доданд


Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон барои дастрасии аҳолӣ ба ангишт дар остонаи фасли сармо 1695 нуқтаи фурӯши ангиштро ба роҳ мондааст.

Дафтари матбуоти Вазорати Энергетика ва саноати кишвар рузи ҷумъа гуфт, ки то кунун ҳудуди 300 ҳазор тона ангишт дар конҳои кишвар истихроҷ шудааст.

Вазорати Энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ба маъноест, ки нақшаи солонаи ангишт ду баробар иҷро шуда ва барои корхонаҳое, ки бо ангишт фаъол астанд ва ҳам барои зимистонгузаронии сокинони кишвар шароти беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Ҳоло дар ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон дар нуқтаҳои фурӯш 50611,3 тонна ангишт захира шудааст.

Сайвалӣ Нуралиев коргари кони «Шурообод» мегуяд, ки имсол ҳамаи корхонаҳои истхроҷи ангишт таи 8 моҳи соли равон нақшаҳои худро иҷро карданд ва то фарорасии зимистон 589 нуқтаи фуруши ангишт барои сокнони пешинҳод мешавад.

Ширкатҳои истихроҷи дигар дар конҳои «»Шахтаи Фон Яғноб», Сангғалт», «»ВТИ помир»,»Саёд» даҳҳо науқтаҳои фуруш дар навоҳии кишвар боз кардаанд.

Аммо сокиони кишвар мегуянд, ки нархи ангишт нисбати солҳои пешин хеле зиёд буда ҳоло қимати як тонна ангишт ба 300 ва 400 сомонӣ баробар шудааст.

Баъзе аз ҳамусӯбатҳои мо мегуянд, ки дар сурати интиқоли 2-3 тонна ангишт аз маҳалли фурӯш то маҳалли зист қимаи ангишт ду баробар зиёд мешавад.

Масъулони конҳои истихроҷи ангишт мегуянд, ки барои коҳиш додани қимати ангишт имкон надоранд зеро нархи солярка ва газ гарон аст.
XS
SM
MD
LG