Пайвандҳои дастрасӣ

Филми “Бегуноҳии мусалмонон”, ки мавҷи эътирозҳои хунин дар ҷаҳони исломро барангехт, дар Маҷмаи умумии СММ низ як мавзӯъи асосии баҳси сарони дунё шудааст.

Сарони бонуфузи ҷаҳони Ислом, бо шумули раҳбарони Ҷомиаи Араб ва Созмони ҳамкории исломӣ, хостори таҳияи қонунҳои байналмилалӣ алайҳи тавҳин ба муқаддасоти динӣ шуданд. Аммо бархе тарс доранд, ки ин метавонад як василаи дигари таъқиби озодии баён дар дасти ҳокимони худкома шавад.

Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба муҷарради баланд шудан ба минбари СММ суханрониашро аз шадидан маҳкум кардани аъмоле оғоз кард, ки ба гуфтаи ӯ, “адоватро алайҳи эътиқоди миллиардҳо мусалмони дунё ва паёмбари маҳбуби мо таҳрик медиҳанд.” Манзури Зардорӣ аз ин “аъмоли таҳрикомез” сӯзондани китобҳои “Қуръон”, нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом Муҳаммад(с) ва ҳам моҷарои ахир бар сари филми дар Амрико сохташудаи “Бегуноҳии мусалмонон” буд, ки мавҷи ғазабу хушунатҳо дар кишварҳои мусалмониро дар пай дошт. Зардорӣ аз ҷумла гуфт: “Ҳарчанд мо хушунатро ба Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон

Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон

еҷ ваҷҳ намепазирем, ҷомиаи ҷаҳонӣ набояд як нозири сокит бошад, балки бояд дар қиболи чунин аъмоле, ки бо сӯъиистифода аз озодии баён сулҳи ҷаҳонро тахриб карда, амнияти ҷаҳонро ба хатар меандозанд, муҷозоти ҷиноӣ ҷорӣ кунад.”

Дар як паллаи тарозуи ин шикофи фарҳангӣ озодии баён ва дар паллаи дигари он ҳассосиятҳои динӣ истодааст ва баҳси мавзӯъ дар Маҷмаъи умумии СММ нишон дод, ки ин шикофи андак нест. Аммо ба ҷуз аз маҳкум кардани ҳам таҳқири Ислом ва ҳам хушунатҳои баъдӣ аз дасти ҷомиаи ҷаҳонӣ дигар чӣ меояд? Як пешниҳоде ки чанд сол боз мечархад, ҳамин таҳияи қонуни байналмилалӣ алайҳи таҳқири муқаддасоти динист. Феълан ҳудуди 30 кишвари дунё, аз ҷумла Покистон, Эрон, Миср ва Лаҳистон қонунҳое тасвиб кардаанд, ки тавҳин ба арзишҳои диниро ҳамчун ҷиноят таъқиб мекунад. Дабири кулли Ҷомиаи Араб Набил Арабӣ дар Маҷмаъи умумии СММ дар канори масоили сулҳи Ховари Миёна, ҷаҳонӣ сохтани чунин муҷозотро пешниҳод кард: “Ҷомиаи давлатҳои арабӣ такмили қонунҳои байналмилалиеро мехоҳад, ки ба таҳқири динҳо муқобила карда, эҳтиром ба эътиқод ва муқаддасоти мазҳабиро замонат медиҳанд. ”

То кунун чунин талошҳо натиҷае надодаанд. Маҷмаъи умумӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башар бо пойфишории кишварҳои исломӣ дар ин замина чандин қатънома тасвиб карданд, ки сурати тавсиявӣ дошт ва рӯи қоғаз монд. Кишварҳои исломӣ барои расидан ба ҳадаф метавонанд роҳҳои дигар, аз ҷумла чорчӯби Созмони ҳамкории исломиро истифода кунанд. Ин иттиҳодияи 57 кишвари мусалмони дунё фақат дар чанд рӯзи охир ба пуштибонӣ аз тасвиби қонунҳои байналмилалӣ алайҳи таҳқири мазҳаб чандин изҳорот пахш кардааст.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ.

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам ҳафтае пеш дар шарҳи ин баҳсҳои бархоста гуфт, “озодии баён бояд ва бояд тазмин ва ҳимоят шавад, вале бархе мардуме, ки озодии баёнро ба хотири таҳрик додан ё таҳқири дигарон истифода мебаранд, наметавонанд дар чунин сурат таҳти ҳимоят қарор бигиранд.”

Аммо як мояи нигаронӣ имкони сӯъиистифодаи режимҳои худкома аз чунин қонун барои боз ҳам бештар хафа кардани озодии баён аст. Кортнӣ Радш аз созмони Freedom House, ё Хонаи Озодӣ мегӯяд: “Дар фарҳангҳо ва кишварҳое, ки давлатҳо худкомаанду озодии баёну озодии гирдиҳамоӣ маҳдуд аст ва интиқоди на сиёсӣ ё на мазҳабӣ аз мақомоти ҳокимро таҳаммул намекунанд, мебинем, ки бархӯрд ба озодии баён, ба танзу ҳаҷв ва ҳатто ба шӯхии оддие, ки мардум нисбат ба ягон чиз мекунад, чӣ қадар фарқ дорад.”

Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, имкон дорад, ки қонуни зидди тавҳин ба муқаддасот барои на ҳимоят, балки фишори боз ҳам бештар алайҳи ақалиятҳои мазҳабӣ низ сӯъиистифода шавад. Онҳо аз ҷумла қазияи духтари ноболиғи масеҳӣ дар Покистонро мисол меоранд, ки агар парвандааш ба додгоҳи ноболиғон намерафт, метавонист бо ҷурми сӯзондани саҳфаҳои “Қуръон” ҳатто ба қатл маҳкум шавад.
Чунин ҷазои шадид муноқиз ба пойгоҳи ақидатии кишварҳое, назири Амрикост, ки асли озодии баён дар Қонуни асосиаш дарҷ шудааст. Раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама дар Маҷмаъи умумии СММ гуфт: “Қавитарин аслиҳа алайҳи гуфтори бонафрат на саркӯбгарист, балки садои ҳусни таҳаммул аст, ки алайҳи таассуб ва таҳқири муқаддасот баланд шуда, арзишҳое, чун ҳусни тафоҳум ва ҳусни эҳтироми дуҷонибаро боло мебардорад.”

Дар ҳар сурат, бидуни ҳимояти Амрико ва кишварҳои калидии Ғарб, гумон аст, ки талошҳо ҷиҳати дар сатҳи қонунҳои байналмилалӣ ҷорӣ кардани муҷозот алайҳи таҳқири муқаддасот ба ҷое бирасад.

XS
SM
MD
LG