Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самандар дар сар ҳавои вазирӣ дорад...


Ин писарбача дар сар ҳавои вазирӣ дорад...
Ин писарбача дар сар ҳавои вазирӣ дорад...

Як писарбачаи синфи чаҳоруми мактаби деҳаи Турконии ноҳияи Мӯъминобод, дар сар орзӯи вазири маориф шуданро мепарварад.

Аммо ҳадафи Самандар аз вазири маориф шудан хеле содда ҳаст ва ӯ мегӯяд, дар сурати расидан ба ин ҳадафаш, танҳо дар деҳаашон як мактаб месозад.
Дар сӯҳбат ӯ бо орзӯҳои кӯдакона гуфт: «Мо мактаб надорем. Агар калон шавам, дар маориф вазифа мегирам. Вазир мешавам. Дар қишлоқамон мактаб месозам. Баъд вазирира бас мекунам ва духтур мешавам».

Дар деҳаи Турконӣ, ки беш аз 60 хонавода ба сар мебарад, мактаб вуҷуд надорад ва кӯдакон маҷбуранд, ки беш аз 5 километр роҳро дар шароити кӯҳистон тай намуда, ба мактаби деҳи ҳамсоя бираванд. Аммо на ҳама кӯдакон ва на дар ҳама шароит имкони ба мактаб рафтан доранд.

Азизмоҳ Миралиева
Азизмоҳ Миралиева
Азизмоҳ Миралиева, занест, ки Донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда, дар ин деҳа ба шавҳар баромадааст ва бо дарназардошти шароити бад, як хонаи зисти худро ба синфхона табдил додаст, ки дар он ҳоло 22 кӯдак таълим мегиранд: «Омадам, ки шароит бад аст. Кӯдакони хӯрд ба деҳаи ҳамсоя рафта наметавонанд. На дар зимистону на дар тобистон. Аз маориф иҷозат пурсидам ва як қисми кӯдакони то синфи чаҳорумро дар ин ҷо дарс медиҳам. Баъди чор баъзеашон ба мактаби деҳи дигар мераванд, баъзеаш тамоман намехонанд. Ҳисоб кардам, ки дар ду-се сол 30 духтари мо тамоман мактабро нохонда, ба шавҳар баромадаанд. Писарон ҳам чунинанд. Хоҳиши мо ҳамин аст, ки ҳукумати ноҳия бароямон мактаб бисозад».

Бинои ин мактаб ба мисли аксари манзили зисти сокинони деҳот лойдевор аст, вале сокини он натавонистааст, то бомашро бо маҳсулоти сохтмонии ҳозирзамон пӯшонад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, дар зимистон ин синфхона ҳангоми боридани барфу борон, мечакад.

Ҳолати аз таҳсил дур мондани наврасони деҳаи Турконӣ бештар волидайни онҳоро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, фарзандонашон намехоҳанд, роҳи дуреро тай карда, зери хатарҳои гуногун барои таҳсил бираванд. Саодат Бедилова, сокини ин деҳа мегӯяд: «Роҳ дур аст ба мактаби дигар. Ин ҷо ферма ҳаст ва сагон ба кӯдакон таҳдид мекунанд. Ҳам ин ҷо сарбозони Русия машқ мекунанд ва доим тирпарронӣ ҳаст. Касе намехоҳад дар зимистони хунук фарзандашро то 8 километр дур равон кунад».

Хаёлбӣ Асоева, дигаре аз сокинони ин деҳа мегӯяд: «Дар ҳамин ҷо як биное аз
Намуди берунии синфхона
Намуди берунии синфхона
кадом қисми низомӣ бекор мондааст. Агар зӯри ҳукумат намерасад ба мактаби нав сохтан, инро ба мо бидиҳад. Ҳама бесавод мондааст».

Амирхон Раҳмонов, раиси ҷамоати Мумираки ноҳияи Мӯъминобод, ки деҳаи Турконӣ шомили он аст, мегӯяд, онҳо чанд сол боз талош доранд, то ба мушкили мардуми ин деҳа расидагӣ шавад: «Мо талошҳои сокинони ин деҳаро мефаҳмем. Ин синфхона дар як хонаи шахсӣ, муваққатӣ ҳаст. Мо замин барои мактаб ҷудо кардем. Мехостем, ки инро тариқи ҳашар созем, аммо тамоми маҳсулоти сохтмонӣ қиммат шуд ва ин кори мо амалӣ нашуд».

Таҳсили сокинон дар як хонаи шахсӣ дар ҳолест, ки масъулини Идораи маорифи ноҳияи Мӯъминобод мегӯянд, дар ҳисоботи худ вуҷуди чунин синфхонаро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар тамоми ноҳия мактабҳои замонавӣ сохта шудааст ва дигар синфхонаҳо дар вагону хонаҳо шахсӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG