Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ бадрафтории нерӯҳои Сурияро бо маҳкум кард


 Паоло Серҷио Пинейро
Паоло Серҷио Пинейро
Комиссияи ҳуқуқи башари СММ қатъномае ба тасвиб расонда, поймолшавии ҳуқуқи башар аз тарафи нерӯҳои ҳукуматии Сурияро маҳкум кардааст.
Дар ин қатънома, ки рӯзи ҷумъа тасдиқ шуд, ваколати таҳқиқи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Сурия барои шаш моҳи дигар тамдид шудааст.
Ҳангоми овоздиҳӣ дар Комиссияи ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз миёни 47 кишвари узв 41 кишвар қатъномаро дастгирӣ карданд.
Чин, Русия ва Куба мухолифи он раъй доданд. Ҳайати зери раҳбарии профессори бразилӣ Паоло Серҷио Пинейро нерӯҳои ҳукуматии Сурияро масъули бадрафториҳои ҷиддӣ дар давоми якуним соли ошӯб бар зидди режими президенти Башор ал-Асад аст.
XS
SM
MD
LG