Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалаксароёни Чин ба Тоҷикистон меоянд


Ҳунармандони Чин дар Фестивали байналмилалии «Фалак»-и Тоҷикистон ширкат мекунанд. Раҳматулло Раҳматулоев, як масъули Дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби Чин изҳори омодагӣ кардааст, ки панҷ ҳунарманд ва як фолклоршинос аз Чин дар Фестивали байналмилалии «Фалак» дар Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳҳои ҳунарии фолклории Чин дар фестивали «Фалак» ширкат мекунанд. Фестивали байналмилаии «Фалак» аз 8 то 11 октябр дар Тоҷикисон баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандон мардумӣ ва фолклоршиносони Русия, Эрон, Афғонистон ва Озарбойҷон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин фестивал, гурӯҳҳои фолклорӣ ва дастаҳои ҳунарӣ аз ҳамаи навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар даъват шудаанд. Аммо аз кишварҳои ҳамсояи Осиёи Миёна ҳанӯз барои ширкат дар ин фестивал изҳори омодагӣ нашудааст. Қаблан ҳунармандони ҷумҳурии Узбакистон дар дар Фестивали байналмилалии «Фалак» дар солхои 2004 – 2006 ширкат намуда, маҳорати хешро нишон дода буданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикисон иттилоъ медиҳад, ки барои ширкат дар ин Фестивал аз вазоратҳои фарҳанги Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ расман даъват ба амал оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG