Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи рӯзи 1-уми октябри парлумони Гурҷистон як корзори хеле пурчолиш барои раиси ин ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ ва хаттимашши сиёсии ошкоро рӯ ба Ғарби ӯ хоҳад шуд.

Саакашвилӣ, ки соли оянда баъди 10 соли раҳбарӣ бар ин кишвари Қафқоз канор меравад, бо ҳимояти гарм аз мероси худ мегӯяд, ки Тифлис аз роҳи интихобкардаи худ дигар пас нахоҳад гашт. Вале ҷанҷоли ахири бадрафторӣ дар зиндонҳои Гурҷистон ва рӯи кор омадани як ҷунбиши қавии мухолифин ба раҳбарии Бидзина Иванишвилӣ, интихоботи 1 октябрро ба нахустин интихоботи дар воқеъ пуррақобат аз замони инқилоби садбаргҳои соли 2003 табдил медиҳад.

Интихоботи 1 октябр сабқатест, ки ояндаи сиёсии Гурҷистонро муайян мекунад. Аммо ҷанҷоли бадрафторӣ дар зиндон ва нақши давлати ҳанӯз ҳам маҳбуби Саакашвилӣ дар ин қазия интихоботро барои бисёриҳо ба як масъалаи пурдард табдил додааст. Бино ба натоиҷи назархоҳии Пажӯҳишгоҳи амрикоии NDI, дар моҳи август қариб нисфи гурҷиҳо ҳанӯз намедонистанд ба кӣ раъй диҳанд, ё аз ифшои тасмими худ ҳанӯз худдорӣ мекарданд. Ҷанҷоли зиндон метавонад ин лашкари бузургро ҳам аз ҳизби ҳоким дилсард карда, ба сангари электорати эътирозӣ тела диҳад. Мисли ин сокини Лагодехӣ, ки мегӯяд: ”Ҷанҷоли зиндон фикри маро комилан тағйир дод. Ман қаблан мехостам дигар хел раъй диҳам, вале ҳоло намехоҳам. Ва ман аз ин хеле ғамгин ҳастам.”

Бидзина Иванишвилӣ

Бидзина Иванишвилӣ

Вазъи Гурҷистон зоҳиран боз ба соли 2003 бармегардад, ки инқилоби садбаргҳо Михаил Саакашвилии ҷавону пурғайратро бо хаттимашши ошкоро рӯ ба Ғарб дар синни ҳамагӣ 36 ба арики қудрат нишонд. Вале саркӯбии эътирозҳои соли 2007, ҷанги соли 2008 бо Русия ва аз даст додани вилоятҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ тарҷеҳи ислоҳоти сиёсиву демократӣ бар ислоҳи вазъи ҳамчунон ногувори масъалаи обунони мардум дар ин муддат дурахши ситораи давлати Саакашвилиро коҳонд ва ҷанҷоли зиндонҳо мояи асосии ифтихори ӯ - тааҳҳуди низоми сохтааш ба озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро зери суол бурд.

Саакашвилӣ ҳамчунон бо ҳарорат аз мероси худ дифоъ мекунад, вале алорағми иддаои мунтақидон, гумон аст, ки ӯ эътибораш ҳамчун як раҳбари демократро пуштипо зада, баъди хатми давраи дувум ва ниҳоии раёсаташ дар соли оянда, мисли ҳокимони дигари пасошӯравӣ барои ҳифзи курсӣ ягон “ҳила”-и машкук биҷӯяд. Ба ин тартиб, интихоботи 1 октябр амалан як навъ раъйпурсии мероси сиёсии Михаил Саакашвилист ё ба таъбири дигар, оғози поёни ӯ.

Ва аммо дар осмони сиёсат суқути ҳар ситора ҳатман дурахши як ситораи дигарро дар пай дорад. Дар Гурҷистон ҳам бо тазъифи ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллиии Саакашвилӣ ҷунбиши мухолифи Орзуи Гурҷистони Бидзина Иванишвилӣ қувват мегирад.

Иванишвилии 56-сола бо 4,5 миллиард доллар дороӣ, ки маҷаллаи “Forbes” ба ӯ нисбат медиҳад, бойтарин ва дар айни замон сахитарин марди Гурҷистон ба ҳисоб меравад, вале хеле хоксорона ба сар мебарад ва ба мазҳари омм кашидани ҳаёти хонаводаашро дӯст намедорад. Иванишвилӣ дар рустои дурдасти Чорвила ба дунё омада, волидайнаш кишоварзони оддӣ будаанд. Бидзина Иванишвилӣ ва ҳамсараш Эка 4 фарзанд доранд, ки дуи онҳо, аз ҷумла Бера, ки хонандаи рэп аст, маризии албинизм, ё “Золи Зар” доштаанд. Иванишвилӣ барвақт хоб меравад, пайрави йога аст ва дар зоопарки хусусиаш чанд сар товусу пингвину зебра дорад.

Иванишвилӣ тавонист дар муддати камтар аз як сол тақрибан ҳамаи мухолифини бонуфузи Саакашвилӣ, аз ҷумла ёрони собиқи ӯ - сафирони собиқи Тифлис дар СММ ва Амрико Ираклий Алазания ва Тедо Ҷапаридзеро дар Ҷунбиши Орзуи Гурҷистон гирд биорад.

Сухангӯи ӯ Майя Панҷикидзе мегӯяд: “Ӯ кореро кард, ки то ҳол ягон кас натавониста буд. Ӯ мухолифинро муттаҳид кард ва ҳоло эътилофи ӯ 6 ҳизбро дар бар мегирад. Иванишвилӣ нафарест, ки метавонад мардуму гурӯҳҳоеро, ки шояд ҳатто дар бораи ягон хатти сиёсӣ фикр намекарданд, ба ҳам биорад.”

Мунтақидонаш вале мегӯянд, ки ӯ таҷрубаи кофии сиёсӣ надорад. Иванишвилиро бо ишора ба собиқаи муваффақи тиҷораташ дар Русия ҳатто “дасти Маскав” дар интихоботи Гурҷистон ном мебарад. Иванишвилӣ миллиардҳояшро асосан дар Русия ғундоштааст, вале ҳар навъ иртиботаш бо Кремлро радд мекунад ва Бадрафторӣ дар зиндон, то андозае ба маҳбубияти Саакашвилӣ дар Гурҷистон латма задааст.

Бадрафторӣ дар зиндон, то андозае ба маҳбубияти Саакашвилӣ дар Гурҷистон латма задааст.

егӯяд, аз шаҳрвандии Русия даст кашида, қариб тамоми тиҷоратҳояш дар он кишварро фурӯхтааст. Иванишвилӣ дар ватанаш миллионҳо долларро сарфи корҳои хайрия кард, ки барои ӯ обрӯи як “Ҳотами той”-ро сохтааст, ки бо вуҷуди сарватҳои ҳангуфт дар чашми мардуми оддӣ як инсони заминӣ ва хоксор, яъне “бачаи худӣ” менамояд.

Таҳлилгари амрикоӣ Линколн Маршалл мегӯяд, як масъалаи асосӣ барои Гурҷистон дар марҳалаи кунунӣ тазмини нахустин мавриди интиқоли демократии қудрат аст ва номзади беҳтаре аз Иванишвилӣ ҳанӯз нест, ки соли оянда ҷойгузини Саакашвилӣ шавад. Аммо Свант Корнелл, муаллифи китоби “Тиру тӯпи августи соли 2008” мегӯяд: “Аз як ҷониб, ӯ барои баробар кардани таносуб дар майдони сиёсии Гурҷистон кӯмак кард. Вале мояи таасссуф ин аст, ки ӯ инро на бо кадом идеяи нав, балки бо қувваи пулаш анҷом дод. Ман ягон ақидаи наверо намебинам, ки Иванишвилӣ дар миён гузошта бошад. Дар амал фақат пул аст, ки эътилофи ӯро нигоҳ медорад.”

Вале суол ин аст, ки баъди 10 соли раҳбарии пурсарусадои Саакашвилӣ, мардуми гурҷӣ Иванишвилии орому пуртамкинро чигуна хоҳанд пазируфт ва омадани ӯ оё Гурҷистонро аз масири демократия пас нахоҳад гардонд? Саакашвилӣ ҳатто аз минбари СММ ба таблиғи ҳизби ҳокимаш пардохт ва гуфт, фақат Ҷунбиши миллии ӯ метавонад Гурҷистон дар роҳи ҳаракат ба сӯи Ғарбу узвият дар НАТО ва ҷудоӣ аз Русия нигоҳ бидорад. Гурҷистон дар ҳар сурат дар як дуроҳа қарор дорад ва интихоботи 1 октябр маълум мекунад, ки сорбонии корвонашро дар чанд соли наздик ба кӣ бовар хоҳад кард: Боз ҳам ба Саакашвилӣ ё ин бор ба Иванишвилӣ?
XS
SM
MD
LG