Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав - пойтахти Русия мухолифат ба мусулмонон ва масҷидҳо авҷ гирифтааст.

Пойтахти Русия яке аз бузургтарин шаҳрҳои мусулмонннишини Аврупо ба шумор меравад, вале дар Маскав ҳамагӣ 5 масҷид фаъол мебошанд. Бар илова, полис рӯзҳои ҷумъа дар роҳ ба масҷидҳо, кофтукоби мусулмононро ташкил намуда, шуморе аз онҳоро ҳабс мекунад.

Шермуҳаммад Суяров дар фикри он аст, ки намозашро дар куҷо хонад. Ин шаҳрванди 52-солаи Русия аслан қирғизтабор аст. Ӯ мегӯяд, 17-уми сентябр дар мошинаш мунтазири ширкат дар намози дастҷамъӣ дар масҷиди марказии Маскав буд, вале афсарони полис ба ӯ амр доданд, ки аз мошин берун шавад.
Суяровро ҳамроҳ бо даҳҳо мусулмони дигар ба автобус бор карда, ба пойгоҳи полис бурданд. Суяров меафзояд: “Онҳо маро мушту лагад кӯб карда, чанд зарба бо калтак ҳам заданд. Камаш 5-6 афсари полис дар лату кӯб ширкат варзиданд. Ман аз ҳуш рафтам. Як қабурғаам шикастааст.”



Шаҳрванди 39-солаи Қирғизистон Алӣ Муродов ҳамроҳ бо Суяров боздошт шуда буд. Ӯ мегӯяд, Суяров фарёд мекард, ки касе ба ӯ кумак расонад, вале фоида надошт. Муродов ҳам мисли дигар боздоштшудаҳо баъди лату кӯби зиёд раҳо шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Макскав Том Балмфорс мегӯяд, он чизе, ки бо Суяров ва Муродов рӯй додааст, як ҳодисаи тасодуфӣ набуда, шаҳодати ташаннуҷиҷиддӣ миёни мусулмонони Маскав ва полиси пойтахти Русия мебошад.

Алексей Малашенко, исломшинос аз маркази Карнегии Маскав мегӯяд, пойтахти Русия аз як то якуним миллион аҳолии муусулмон дорад, вале дар ин шаҳр ҳамагӣ панҷ масҷид амал мекунанд. Баъзеҳо ҳатто мегӯянд, шумораи мусулмонони Маскав аз ду миллион ҳам бештар аст. Барои муқоиса метавон хотирнишон кард, ки дар Лондон то 600 ҳазор мусулмон ба сар мебаранд, вале дар пойтахти Британия 2 ҳазор масҷид дар ихтиёри мусулмонон гузошта шудааст.
Малашенко таъкид мекунад, ки шумори зиёди сокинони Маскав дар бораи муҳоҷирони корӣ, ки аксаран аз мусулмонони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебошанд, назари нек надоранд.

Малашенко мегӯяд: “Ҳукумат ва пешвоёни сиёсии кишвар ҳеҷ фаҳмише нишон намедиҳанд ва дар мавриди Ислом ягон мавқеи муйаяне надоранд. Онҳо бисёр дар бораи муколама ҳарф мезананд, вале он маънӣ надорад. Зеро асли мушкил Алексей Малашенко, исломшиноси рус.

Алексей Малашенко, исломшиноси рус.

услмонбадбинӣ аст. Ихтилоф миёни мусулмонон ва мардуми боқимонда авҷ мегирад.”

Русия пахши филми зиддиисломиро, ки боиси эътирозҳо дар олами ислом шуд, манъ карда, мехост нияти некаш дар муқобили муслмононро нишон диҳад. Бо мақсади коҳиши ихтилоф миёни мақомоту мусулмонон, Шӯрои Муфтиҳои Русия пешниҳод кард, ки ба бунёди масҷиду марказҳои исломӣ иҷозат диҳанд. Аммо тавре ба назар меасад, иҷрои ин ташаббус осон нахоҳад буд.

19-уми сентябр тахминан 1500 сокини Маскав дар минтақаи Митино ҷамъ шуда, талаб карданд, ки нақшаи бунёди масҷид дар ин минтақа лағв гардад. Гурӯҳҳои миллатгаро ба эътироз ҳамроҳ шуда, раҳбарии онро бар дӯш гирифтанд. Дар натиҷа мақомоти маҳаллӣ фавран бунёди масҷидро манъ карданд. Аммо маркази асосии таъқибу азияти мусулмонон дар Маскав ҳамон масҷиди ҷомеи Маскав аст, ки дар канори Варзишгоҳи олимпӣ қарор дорад. Ҳамсӯҳбатҳои қирғизи мо низ дар ҳамон лату кӯб шуда буданд.

Фаъоли ҳуқуқи башар Баҳром Ҳамроев низ рӯзи 17-уми сентябр боздошт шуда буд. Ӯ мегӯяд: “ Онҳо дастур гирифтаанд, ки муслмононро зери фишор қарор диҳанд, ки онҳо камтар намоз хонанд. Вале дар Маскав мусулмонон бисёранду воқеан масҷид намерасад.”

Аслан масҷиде, ки соли 1904-ум сохта шуда буд, 11-уми сентябри соли 2011-ум тахриб карда шуд. Мақомот мегӯянд, ки бино кӯҳна буду хавфи фурӯ рехтани он вуҷуд дошт. Дар ҷои он масҷиди нав бунёд мешавад ва мусулмонони зиёд барои адои намоз ба ҳамон сохтмон мераванд. 14-уми сентябр кофтукови навбатии мусулмонон ба бархӯрде бо полис табдил ёфт ва зоҳиран муслмононе, ки се рӯз баъд аз он намозхонӣ рафта буданд, ҷавоби ҳамон бархӯрдро додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG