Пайвандҳои дастрасӣ

Духтури Икромзода: "Ман ба бадани ӯ зарфи оби гарм мондам"


Абдулҳаким Тугаев

Абдулҳаким Тугаев

Духтур Абдулҳаким Тугаев мегӯяд, аз куҷо пайдо шудани ҷароҳатҳо дар тани Ҳамза Икромзодаро намедонад.

Пизишки 37-сола, Абдулҳаким Тугаев, таҷрибаи даҳсолаи кори терапевтӣ дорад. Ӯ мегӯяд, аввалин нафарест, ки барои наҷоти ҷони маҳбус Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами 1-и пойтахт талош кардааст.

Хабарнигорон бо истифода аз фурсати муносиб оид ба сабабҳои фавти Ҳамза Икромзода дар зиндон бо ӯ ҳамсӯҳбат шуданд. Посухҳои пизишк тазодомез садо медоданд ва ҳоло ин суолу ҷавобро ба қазовати хонанда пешниҳод мекунем:

-Қабл аз муоина дар бадани Икромзода Шумо ягон хел ҷароҳат мушоҳида кардед?

-"Не набуд."

-Дар аксҳо дида мешавад, ки бадани Икромзода пӯсткан шудааст…

-"Ҳеҷ чиз набуд, намедонам аз куҷо пайдо шуданд."

-…он ҳама аз ҳисоби чӣ баъд ба вуҷуд омад?

-"Намедонам."

-Изи сим дар дасту пойи ӯ аз куҷо пайдо шуд?

-"Изи сим пештара будагӣ аст. Ягон чӣ набуд дигар."

-Барои чӣ баъд баданашро буридед?

-"Баданаш ва сарашро суд-экспертиза бурид, барои муайян кардани ҳодиса."

-Дар шарҳҳо хогнандаҳои торнамои "Озодӣ" навиштанд, ки истифодаи электрошок из намегузорад, аммо дар бадани Икромзода изҳои зиёд ҳастанд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-"Кӣ гуфт, ки электрошок из намегузорад? Сад фоиз из мегузорад."

-Ҳамон изи таги каши Икромзода изи электрошок аст?

-"Не, он изи баклашка аст. Баклашкаро барои он гузоштем, ки гардиши хун лахта нашавад. Хунук нашавад. Тайи каш, таги пойҳояшба мондем…"

-Дар гирди ҳамон ҷойи ба гуфти Шумо баклашкамондагӣ гӯшти баданаш метобад, он аз ҳисоби чист?

-"Онро намедонам, ягон ҷароҳат надошт."

-Баклашкаи гармро мондед ва билохира сӯзондед? Чаро пӯсти бадани вай канда шуд?

-"Сӯхтанашро дидагӣ нестем мо..."

-Чӣ хел баъд ин из дар бадани Икромзода пайдо шуд?

-"Из хоҳӣ-нахоҳӣ пайдо мешавад."

-Дар бадани Икромзода, изе буд даврашакл ва кабуд, онро дидед?

-"Не, надидам."

-Ба ҳар ҳол метавонед, аз назари тиббӣ тасмими худро фаҳмонед, чаро зарур шуморидед, ки зарфи гарм монанд дар бадани Икромзода?

-"Ман омадам, вай овезон буд, вале дар тарафи чап набзаш кор мекард. Дар тарафи дасти рост набуд, баъд ман ба ӯ нафаси сунъӣ додам, даҳон ба даҳон. Баъд аз он набз дар сараш пайдо шуд. Гирифта сӯзандору гузаронидам, глюкоза ва аскарбинка. Фишораш ба 0 баробар шуда буд. Набз дар дасти росташ ҳам пайдо шуд, чашмаш кушода буд. Ман гуфтам, ёрии таъҷилиро даъват кунед, то омадани онҳо ман ба баданаш қатра гузаронидам. Дидам, ки дасту пояш хунук мешавад, ман ба хотири лахта нашудани хун гуфтам баданшро гарм нигоҳ доред. Ман супориш додам, ки зарфҳои оби гармро биёранд. То давраи зарф мондан дар баданаш изи сӯхтагӣ набуд."

-Хешовандони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари латту кӯб ҳалок шуд. Шумо чӣ мегӯед?

-"Ҳеҷ кас вайро латту кӯб накардааст."



-Бисёре одамон аз он дар шубҳаанд, ки бадани Икромзода пурра чок шудааст. Баъзеҳо ишора мекунанд, ки шояд аз зарби латту кӯб аъзои бадани вай зарб хӯрда шуда буд ва онро ба хотири пинҳон кардани осори шиканҷа берун овардаанд. Шумо чӣ мегӯед?

-"Онро суд-экспертиза ҳал мекунад. Ба ғайри халонидани сӯзан мо бо вай ҳеҷ кор накардем. Онро суд экспертиза буридавст, ҷавобашро худашон гӯянд. Сару баданашро суд экспертиза буридааст, мо не."

-Модари Икромзода гуфт, ки ҷинси мардонаи писараш низ сӯхтагӣ буд…

-"Набуд, ягон чиз набуд, баъд аз баклашка шояд пайдо шудаст."

- Дар олоти ҷинсии Икромзода ҳам зарфи оби гарм мондед?

-"Не, ба он ҷо намондем, аслан ба олоти ҷинсии ӯ мо нарасидем."

-Баъд чӣ гуна сӯхт олоти ҷинсии Икромзода?

-"Ман ба ӯ танҳо ёрии авалинро расонидам, то мондани баклашка дар баданаш пайи сӯхтагӣ набуд."

-Шумо кай фаҳмидед, ки вай худашро ба дор овехтааст?

-"Соати 4-и бегоҳ, баъд аз назорат. "

(Дар ин сӯҳбат пурсишҳо ҳамчунин аз тарафи хабарнигорони "Тоҷнюс" ва "Озодагон" матраҳ шуданд.)

Эзоҳ: Ҳамза Икромзодаи 27- сола, сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор ду сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтидааст. Ба бовари хонаводаи Икромзода, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо мақомот мегӯянд, ӯ худкушӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG