Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басилей то муҳокимаи гарав дар боздошт мемонад


Накуола Басилей Накуола
Накуола Басилей Накуола
Шахси марбут бо филми зиддиисломӣ, ки боиси эътирозҳои саросарии мусулмонон шудааст, то замони муҳокимаи пардохти гаравпулӣ дар маҳбаси Лос Анҷелес хоҳад буд.
Накуола Басилей Накуола бо ҷурми қаллобии бонкӣ аз зозодӣ маҳрум гашта, дар соли 2011-ум шартан озод шудааст. Тибқи дастури додгоҳ ӯ мебоист аз истифодаи интернет даст кашида, бидуни иҷозат барои худаш тахаллус интихоб накунад. Як пораи филми зиддисломӣ, ки дар шабакаи YouTube ҷой дода шуд, мавҷи эътирозҳо дар олам исломиро ба бор овард.
Накуола аслан аз насрониҳои Миср буда, баъди нашри пораи филм аз назари мардум пинҳон шуда буд. Баъзе ҳунармандони шарик дар ин филм низ гуфтаанд, ки ба онҳо маълумот нодуруст дода буданд.
XS
SM
MD
LG