Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Мубориза бо мухаддирот танҳо кашфу мусодираи он нест"


Нишасти сарони ниҳодҳои зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар Душанбе. 28-уми сентябри соли 2012.

Нишасти сарони ниҳодҳои зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар Душанбе. 28-уми сентябри соли 2012.

Мақомоти Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон мегӯянд, аз ин ба баъд ба таври муштарак бо қочоқи маводи мухаддир мубориза хоҳанд бурд.

Раҳбарони идораҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ин чаҳор кишвар мегӯянд, барои оғози кори эътилофи онҳо 500 милион доллар ихтисос зарур хоҳад буд.

Дар эъломияи ниҳоии нишасти чаҳоргона ҳамчунин аз тарҳе бо номи «Харитаи роҳ»-и мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақа хабар дода шуд. Ин санад гузаргоҳҳо ва масири ҳаракати маводи мухаддири тавлиди Афғонистон ва нуқоти асосии мубориза бо онро мушаххас мекунад.

Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи нашъавори Русия гуфт, муборизаи муштарак танҳо бо кашфу мусодираи маводи мухаддир маҳдуд нахоҳад шуд: «Дар ин миён таъсиси ҷойҳои корӣ дар Афғонистон хеле муҳим аст. Зеро мавҷудияти бекории шадид дар ин кишвар, аксаран шаҳрвандони онро, ки оилаҳои бузург доранд, беихтиёр ба парвариш ва муомилоти ғайриқонунии мухаддирот таҳрик медиҳад. Ҳоли ҳозир барои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон беш аз 3 миллион кишоварз ҷалб шудааст.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди Виктор Иванов, ҳамакнун фаъолияти ниҳодҳои Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ,вазири мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон.

Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ,вазири мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон.

чаҳоргона» дар доираи тарҳи «Харитаи роҳ» аллакай натиҷаҳои таъсирбахш доштааст. Аз ҷумла дар чаҳор моҳи охир дар чанд амалиёти муштарак 10 лаборатория ё коргоҳи тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон нобуд карда шуда, беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Ҳамзамон дар ин талошҳо 67 нафаре, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, боздошт шудаанд.

Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, вазири мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон мегӯяд, 97 дарсади маводи мухаддири Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар ва аксаран дар минтақа масраф мешавад. Вай афзуд: «Далеле, ки мо ин ҷо ҷамъ омадем ва ҳам паёми мо ин аст, ки мубориза бо маводи мухаддир ва тарёк дигар танҳо тавассути афғонҳо имконпазир нест. Масалан, агар мо аз манзили деҳқон то бозори масрафи ин маводро мо назар кунем, мебинем, ки деҳқон қурбонии аввали маводи мухаддир аст. Аслан соҳибони маблағ қочоқбаронанд. 70 миллион долларе, ки аз маводи мухаддир ба даст меояд, дар берун аз Афғонистон аст. Биноан кишварҳо масъулият доранд, ки дар сатҳи милливу байналмиллалӣ кор баранд, то маводи мухаддирро аз байн бибаранд. Кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бояд аввал маълум кунанд, ки ин пуле, ки аз мухаддирот ба даст меояд дар куҷост ва нишон бидиҳанд, ки соле то чӣ қадар қочоқбарро боздошт мекунанд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Усмонӣ, қабл аз ҳама бояд талабот ба маводи мухаддирро дар бозори сиёҳ аз байн бурд. Зеро ба таъкиди вай, тақозои рӯзафзуни ин бозор дар минтақа, мушкили мубориза бо муомилоти мухаддирро дар Афғонистон дучанд кардааст. Ду сол пеш, замоне, ки тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 50 дарсад пойин омад, нархи он дар бозори сиёҳ 200 дарсад боло рафт.

Раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон Рустам Назаров гуфт, кишвараш дар хатти аввали ҷабҳаи зидди маводи мухаддир қарор дорад ва Рустам Назаров, раиси Оҷонсии муборизаи алайҳи маводи мухаддири Тоҷикистон.

Рустам Назаров, раиси Оҷонсии муборизаи алайҳи маводи мухаддири Тоҷикистон.

ахиран мубориза бо қочоқи ин мавод дар Тоҷикистон шиддати бештар гирифтааст: «Мо мавҷудияти ин мушкилро дар кишвар ва ҳамчунин даст доштани бархе аз кормандони худро дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар пинҳон намедорем. Яъне, мо ҳам аз заъф ва ҳам аз дастоварди худ мегӯем ва ҳар се моҳ баъд рақамҳои оморӣ ва таҳлилиро дар ин замина пешниҳод месозем.»

Зимнан, бино ба маълумоти Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, соли гузашта 446 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд ва аз онҳо 502 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. Беш аз 95% онҳо дар Русия боздошт шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои Хадамоти федеролии назорати маводи нашъавори Русия, 32% ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар қаламрави ин кишвар тавассути шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст. Талошҳои ҳамкории чандҷониба дар мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир дар гузашта ҳам будаанд, вале таъсири онҳо фарогир номида намешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG