Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тошканд Душанберо ба бунёди Роғун таҳрик медиҳад"


Маҷаллаи бритониёвии “The Economist” навиштааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фақат чизҳои азимро меписандад.

Дар як матлаб зери унвони “Ҷанги об дар Осиёи Марказӣ” гуфта шудааст, ки ӯ баландтарин дар ҷаҳон милаи парчамро сохт, соли гузашта бинои бузургтарин дар минтақа Китобхонаи миллиро ифтитоҳ кард, ҳарчанд дар он то ҳол шумораи китобҳо он қадар зиёд нест.

Ва аммо, навиштааст нашрия, як тарҳи бузурги Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин дар олам сарбанди нерӯгоҳ боиси баҳс бо ҳамсояҳояш шудааст. Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон мегӯяд, бунёди сарбанди 335 метрии нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон имкони назорати, аз нигоҳи ӯ, ноодилонаи захираҳои обро медиҳад ва дар сурати заминларза миллионҳо сокинони минтақаро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Рӯзи 7-уми сентбяр Ислом Каримов изҳор намуд, ки ин гуна тарҳҳо метавонанд нафақат боиси низоъҳои ҷиддӣ, балки боиси ҷангу ҷидол ҳам шаванд.

Муаллифи матлаб дар “The Economist” навиштааст, ки манзури ҷаноби Каримов
Нерӯгоҳи Қамбарота-2
Нерӯгоҳи Қамбарота-2
фақат Тоҷикистон нест – дигар кишвари болооби минтақа – Қирғизистон низ сармоягузоронро барои бунёди нерӯгоҳи Қамбарота ҷустуҷӯ дорад. Муаллиф афзудааст, ки бунёди ин ду нерӯгоҳ ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки камбуди ҳамешагии нерӯи барқро рафъ кунанд ва ҳатто аз аз содироти он фоида ба даст оваранд.

Бунёди ҳарду нерӯгоҳ ҳанӯз замони шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд ва аммо баъд аз дарёфти истиқлол аз сӯи ин кишварҳо, Маскав аз сармоягузории онҳо даст кашид. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳангоми сафари ахираш ба Бишкек ваъда дод, ки дар ивази баъзе гузаштҳо, аз ҷумла, тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, бунёди нерӯгоҳи Қамбаротаро сармоягузорӣ хоҳад кард. Соли 2004 ӯ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳам ба Тоҷикистон 2 миллиард доллар ваъда карда буд. Аммо се сол баъд ин созмш лағв шуд, зеро ҷонибҳо дар мавриди баландии сарбанди нерӯгоҳ ба мувофиқа нарасиданд,- навиштааст The Economist”.

Муаллиф афзудааст, ки Тоҷикистону Қирғизистонро барои бунёди нерӯгоҳҳо бадрафториҳои Узбакистон таҳрик медиҳад. “Ин ду кишвар дар қиёс бо Узбакистон соҳиби захираҳои бузурги нафту газ нестанд ва ҷаноби Каримов одате дорад, ки бо истифода аз ин дар сардтарин моҳҳо қимату ҳаҷми интиқоли газро барои ҳамсояҳо тайғир медиҳад”.

Узбакистон ҳамчунин якҷониба бисёр гузаргоҳҳои марзӣ бо ду кишвари ҳамсояро баста, марз бо Тоҷикистонро минакорӣ кардааст ва дар интиқоли молу коло аз қаламраваш монеъа эҷод мекунад. Вақте тирамоҳи соли гузашта як купруки роҳи оҳан дар ҷануби Узбакистон аз инфиҷор осеб дид ва ҳаракати қаторҳо ба ҷануби Тоҷикистонро номумкин сохт, Тошканд инро бо ҳамлаи террористӣ марбут
Қисмати тахрибшудаи роҳи оҳан аз сӯи Узбакистон.
Қисмати тахрибшудаи роҳи оҳан аз сӯи Узбакистон.
арданд. Ва аммо баъдан ба ҷойи таъмири купрук роҳи оҳан аз сӯи мақомоти Узбакистон комилан тахриб шуд. Тоҷикистон ин амалро чун “муҳосира” арзёбӣ кард. The Economist” навиштааст, ҳарчанд аз сӯи Ислом Каримов ба марзҳои кишварҳои ҳамсоя баровардани тонкҳо баъйид ба назар мерасад, тирандозӣ дар қитъаҳои баҳсноки марз фаровон рӯй медиҳад.

Муаллифи матлаб мегӯяд, бисёриҳо мутмаин нестанд, ки Тоҷикистони қашшоқ тавони мустақилона бунёд кардани нерӯгоҳи "Роғун"-ро дошта бошад. Барои бунёди нерӯгоҳ 3 миллиард доллар зарур аст, ки ин тақрибан ба нисфи тавлидоти нохолиси дохилии кишвар баробар аст. Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хост, ки саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ кунанд ва аммо фақат 200 миллион доллар ҷамъ овард.

“The Economist” мегӯяд, ки мухолифати Тоҷикистон бо Узбакистон сармоягузорони эҳтимолӣ, аз ҷумла, Русияву Чинро водор кардааст, ки дар пахши изҳорот оид ба тарҳҳои энеҷӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Аммо дар поёни матлаби маҷаллаи бритониёвӣ омадааст, ки агар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати камтар розӣ шавад, барои бунёди нерӯгоҳ беҳтарин шонсро пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG