Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябр оғоз меёбад.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр бо таъйиди ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, сафари расмии Владимир Путин ду рӯз идома хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин манбаъ, интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Русия, санадҳои муҳиме, ки комиссияҳои байнидавлатӣ дар бахши ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодӣ омода кардаанд, ба имзо расанд.

Зимнан, Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, 26-уми сентябр зимни ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Иттиҳоди гумрукӣ: Дурнамои ҳамгироиҳои ҷадид», дар шаҳри Душанбе гуфт, ки «сафари навбатии Владимир Путин равобиту муносиботи Русия бо Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав хоҳад бардошт». Вай гуфт, ки интизор меравад дар ҳафтаи оянда Владимир Путин ба Тоҷикистон сафари ду рӯза хоҳад кард.

Сафар Владимир Путин ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад ва баҳси шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ байни Маскаву Душанбе камаш 4 сол боз идома дорад. Мақомот расман дар бораи шартҳои тарафҳо ва ҷараёни музокирот хеле кам маълумот медиҳанд, вале бино ба хабари расонаҳои русӣ, Душанбе барои ин пойгоҳ тақрибан 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки Маскав қабул надорад.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов барои баҳси мавзӯи пойгоҳ фақат дар як моҳи охир ду бор аз Душанбе дидан кард. Баъд аз сафари ахири ӯ дар нимаи аввали моҳи сентябр, бархе манобеъ хабар доданд, ки ду кишвар бар сари тамдиди замони иҷораи пойгоҳи 201 ба тавофуқ наздик шудаанд ва сухан ғолибан дар бораи то 29 сол меравад, на 49 соле ки дар оғоз ҷониби Русия мехост

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG