Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муаллифи "Бегуноҳии мусалмонҳо" дар Калифорния


Эътирозҳо алайҳи филми зиддиисломӣ дар Покистон
Эътирозҳо алайҳи филми зиддиисломӣ дар Покистон
Дар аёлати Калифорнияи ИМА Накула Басела Накула, ки муаллифи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо” маҳсуб мешавад, боздошт шуд.

Додгоҳ мехоҳад мушаххас кунад, ки Накула ҳангоми навори филм шартҳои раҳоии худ дар зиндонро вайрон кардааст ё на. Накула барои қаллобии бонкӣ маҳкум ба зиндон шуда буд ва соли 2011 ба шарте раҳо шуд, ки як муддат бидуни иҷозаи намояндаи мақомоти назоратӣ наметавонад аз интернет истифода кунад.

Накула, ки аз масеҳиҳои копти Миср аст, баъд аз он маъруф шуд, ки филми ӯ “Бегуноҳии мусалмонҳо” боиси эътирозҳои густурда дар сартосари ҷаҳон гардид ва дар ҷараёни онҳо беш аз 20 нафар, аз ҷумла, сафири Амрико дар Либия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG