Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума даҳoни Иля Пономаревро "мебандад"


Қарор аст имрӯз Думаи давлатии Русия намояндаи ҳизби “Русияи боадолат” Иля Пономаревро барои як моҳ аз ҳаққи суханронӣ маҳрум созад. Ба вакилон Комиссиюни одоби парлумон ҳамин гуна тавсия додааст. Дар сурати пазируфта шудани қарор, Пономарёв аз 16 октябр то 16 ноябр дар нишастҳои Думаи давлатӣ ҳаққи ибрози назар нахоҳад дошт.

Дар нишасти ахири иҷлосияи баҳорӣ зимни баррасии тарҳи қонуни нав дар бораи тӯҳмат Иля Пономарёв аз “қаллобҳову дуздҳо” даъват карда буд, ки ба ин тарҳ раъй надиҳанд. Мухолифини давлати Русия вожаи “қалобҳову дуздҳо”-ро дар баробари вакилон аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” истифода мебаранд.

40 вакил аз “Русияи воҳид” ва Ҳизби либерал-демократӣ аз комиссиюни одоби Думаи давлатӣ хостанд, ки изҳороти Пономаревро баҳогузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG