Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Испания буҷаи соли ояндаро пазируфт


Ҳукумати Испания буҷаи соли ояндаро пазируфт, ки дар он коҳиши ҷиддии масрафот ва афзоиши андозҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз амиқрафти бӯҳрони қарзӣ пешбинӣ шудааст.

Қарор аст, ки масрафтои буҷа 40 миллиарод евро коҳиш дода шавад. Ба ҳисоби миёна ҳар вазорат назар ба соли равон 12 дар сад камтар маблағ дарёфт хоҳад кард.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳукумат барои боло бурдани ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа маблағ пайдо кардааст.

Тасмим дар бораи сарфаи буҷа дар ҳоле гирифта шуд, ки чанд рӯз боз дар Мадрид намоишҳои оммавии эътирозӣ алайҳи сиёсати иқтисодии ҳукумат идома дорад.
XS
SM
MD
LG