Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ситоиши раҳбари Мянмар аз Аун Сан Су Чжи


Аун Сан Су Чжи

Аун Сан Су Чжи

Тейн Сейн, раисиҷумҳури Мянмар, дар Маҷмааи умумии СММ аз талошҳои барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва раҳбари мухолифин Аун Сан Су Чжи барои барқарории демократия дар кишвар ситоиш кард.

Чанд сол пеш Сейн раҳбари ҳукумати низомии Мянмар буд ва хонум Су Чжи дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Аммо солҳои ахир мақомоти Мянмар аз ислоҳоти демократӣ кор гирифтанд - қудрат ба ҳукумати мулкӣ интиқол ёфт, бахши аъзами маҳбусони сиёсӣ озод карда шуданд ва мухолифин ба парлумон роҳ ёфтанд.

Як рӯз пеш дар долонҳои Маҷмааи умумӣ мулоқоти раисиҷумҳури Мянмар бо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон сурат гирифта буд. Хонум Клинтон гуфт, ки Вошингтон бархе маҳдудиятҳои содироти молу мавод аз Мянмаро лағв мекунад.
XS
SM
MD
LG