Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба маҳбасти Тикрит


Дар шаҳри Тиқрити Ироқ афроди мусаллаҳ ба маҳбас ҳамла карданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб худро дар назди дарвозаи маҳбас тарконд, ба думболи ин гурӯҳи мусаллаҳ ба муҳофизон ҳамла карда чаҳор нафари онҳоро ҳадафи тир қарор дод.

Ба ҳамлагарон муваффақ шуд тақрибан 250 тан аз бандиёнро, ки миёни онҳо афроди барои терроризм маҳкумшуда низ ҳастанд, раҳо кунанд.

Дар Тиқрит қуюди шабгардӣ эълон шудааст. Ҷустуҷӯи ҳамлагарон ва зиндониёни фирорӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG