Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу: Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ наздик мешавад


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милал изҳор намуд, то тобистони соли оянда Эрон ба тавлиди он қадар ураниуми ғанисохта наздик мешавад, ки барои сохтани бомби ҳастаӣ кофист.

Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба Эрон он марзеро нишон диҳад, ки он сӯяш - идомаи пажуҳишҳои ҳастаӣ метавонад боиси низои мусаллаҳона шавад.

Маҳмуд Аббос, раиси Идораи худгардони Фаластин, дар суханронии худ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милал идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламрави Фаластинро шадидан маҳкум кард ва таъкид намуд, ки фаластиниҳо талошҳояшонро барои аз сӯи ҷомеъаи байнулмилалӣ эътироф шудани давлати мустақили Фаластин идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG