Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари қирғиз гуфт, соли 2017 барканор мешавад


 Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки дар поёни соли 2017-ум кӯшиш нахоҳад кард, ки дар сари қудрат боқӣ монад. Рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои маҳаллӣ Отамбоев иброз дошт, ки ӯ бар пояи сарқонуни нави ин кишвар амал намуда, фақат як даври шашсола раёсатҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда хоҳад дошт. Отамбоев афзудааст, ки намехоҳад мисли президентҳои қаблии Қирғизистон Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев барканор шавад. Оқоев ва Боқиевро инқилобҳои мардумӣ аз қудрат дур намудаанд.
XS
SM
MD
LG