Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳиддин Кабирӣ дар дидор бо Юсуф Қарзовӣ чӣ гуфт?


Муҳиддин Кабирӣ бо Шайх Қарзовӣ

Муҳиддин Кабирӣ бо Шайх Қарзовӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ гуфтугӯ кардааст.

Торнамо (сайт)-и шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ, иттилоъ додааст, ки рӯзи 26-уми сентябр ӯ раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабириро ба ҳузур пазируфтааст.

Сомона навиштааст, Кабирӣ дар бораи вазъи мусулмонони Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, тоҷикон бо аҷдоди худ ба монанди Имом Бухорӣ, Тирмизӣ ва ғайра ифтихор мекунанд. Раиси ҲНИТ Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломиро ба ҳамкорӣ бо мусулмонони Тоҷикистон даъват кардааст.

Шайх Қарзовӣ дар навбати худ ин даъватро пазируфта, ваъда додааст, ки як ҳайатро барои ошноӣ ба Тоҷикистон мефиристад. Қарзовӣ аз уламои шинохтаи олами ислом буда, дар телевизиони Ал-Ҷазира барномаи “Шариат ва ҳаёт”-ро мизбонӣ мекунад. Қарзовии 76 -сола муаллифи 120 китоб буда, ду дафъа ба раҳбарии созмони Ихвон-ул-муслимин пешбарӣ шудааст, аммо ӯ ҳар ду дафъа ин пешниҳодро рад кардааст.

Баъзе кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё ва Фаронса ақидаҳои Қаразовиро ифротӣ арзёбӣ намуда, ба ӯ раводид (виза)-и сафар ба ин кишварҳоро надодаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамчунин шаби гузашта меҳмони барномаи “Било ҳудуд ё худ "Бидуни марз"-и шабакаи “Ал-Ҷазира” буд. Дар ин сӯҳбати худ ҷаноби Кабирӣ аз таъсири "баҳори араб" сар карда, то мавзӯи ҳиҷобу рӯсарии духтарон ва сиёсати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳарф зад. Ӯ дар марвиди манъи ҳиҷобу маҳдудияти намозгузории ҷавонон дар масҷидҳо гуфт, “Онҳо (ҳукумат) барои ин кор далелҳои худро доранд. Яъне, бо ин амалкардҳо гӯиё мардумро аз хатари тундравии динӣ ва ифрот боз медоранд. Вале, ба андешаи мо онҳо (ҳукумат) бо чунин амалҳо баръакс ҷавони диндор ва худошиносро ба роҳи ташаддуд ва тундравӣ тела медиҳанд.”

Тоҷикистон ҳарчанд кишвари дунявист, дар асл мусалмонист. Мақомот мегӯянд, бештар аз навад дарсади аҳолии ҳафтуним миллионнафарии ин кишвар пайрави дини мубини Исломанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG