Пайвандҳои дастрасӣ

Қаразовӣ Кабириро ба ҳузур пазируфт


Сомонаи интернетии шайх Юсуф ал-Қаразовӣ-раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломӣ иттилоъ додааст, ки рӯзи 26-уми сентябр шайх Қаразовӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба ҳузур пазируфтааст. Сомона навиштааст, ки Кабирӣ дар бораи аҳволи мусулмонони Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, ки тоҷикон бо аҷдоди худ ба монанди шайх Бухорӣ, Тирмизӣ ва ғайра ифтихор мекунанд. Кабирӣ Иттиҳоди ҷаҳонии уламои исломиро ба ҳамкорӣ бо мусулмонони Тоҷикистон даъват кардааст ва шайх Қаразовӣ ин даъватро қабул намуда, ваъда додааст, ки як ҳайатро барои ошноӣ ба Тоҷикистон мефиристад. Қаразовӣ аз уламои шинохати олами ислом буда, дар телевизиони ал-Ҷазира барномаи “Шариат ва ҳаёт”-ро мизбонӣ мекунад. Қаразовии 76 -сола муаллифи 120 китоб буда, ду дафъа ба раҳбарии созмони Ихвонул-муслимин пешбарӣ шудааст, аммо ӯ ҳар ду дафъа ин пешниҳодро рад кардааст.
Баъзе кишварҳоит ғарбӣ аз ҷумла Британия ва Фаронса ақидаҳои Қаразовиро ифротӣ арзёбӣ намуда, ба ӯ раводиди сафар ба ин кишварҳоро надодаанд.
XS
SM
MD
LG