Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари баландпояи президенти Эрон зиндонӣ шуд


 Алӣ Акбар Ҷавонфикр-ёвари баландпояи президенти Эрон, ки 26-уми сентябри соли 2012-ум зиндонӣ шуд
Алӣ Акбар Ҷавонфикр-ёвари баландпояи президенти Эрон, ки 26-уми сентябри соли 2012-ум зиндонӣ шуд
Тибқи гузориши хабаргузории ИРНО-и Эрон рӯзи чоршанбе як ёвари баландпояи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳабс шудааст. ИРНО менависад, ҳар ҳоле, ки президент Аҳмадинажод аз минбари Маҷмаи кули СММ хитоб дошт, дар Эрон ёвари матбуотии ӯ Алӣ Акбар Ҷавонфикр боздошт шуд. Ба қавли ин хабаргузорӣ Ҷавонфикрро ба зиндони Эвин интиқол додаанд. Ӯ бо ҷурми нашри маводи тавҳиномез дар бораи Ҷумҳурии исломӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ ба муддати шаш моҳ зиндонӣ шудааст. Таҳқиқи парвандаи Ҷавонфикр баъди нашри як мақолаи танқидӣ дар маҷаллаи зери назорати ӯ оғоз ёфт. Дар он мақола Ҷавонфикр маҷбур намудани занон ба пӯшидани рӯсариро танқид карда буд.
XS
SM
MD
LG