Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Моҷарои тоҷири 37-солаи тоҷик бо ҳамсараш дар Дубай


Як тоҷири тоҷик дар Дубай барои аз ошёнаи дувум ҳаво додани ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Дар Дубай муҳокимаи додгоҳии як тоҷири 37-солаи тоҷик идома дорад, ки баъд аз як моҷаро, ҳамсари худро аз табақаи дувуми меҳмонхона ба поён андохтааст.

Рӯзномаи “The National” навиштааст, ин ҳодиса рӯзи 8-уми апрел ба вуқӯъ пайвастааст. Духтари ҷабрдидаи 18-сола, ки ӯро "ФЗ" ном мебаранд, ба додгоҳ гуфтааст, шавҳараш ӯро ба меҳмонхонаи "Ал-Рафъо" дар Дубай даъват карда, дар он ҷо ӯро ба фоҳишагӣ муттаҳам ва сипас латту кӯб кардааст.

Ба гуфтаи ин духтар, шавҳараш вақти ин ҳодиса маст буда, дар утоқи меҳмонхона бо вуҷуди онки фарзанди навзодаш дар дасташ буд, чанд мушт ба сари ин зан задааст. Дар идомаи моҷаро ин мард гӯиё зани дигареро даъват карда ва ба ӯ гуфтааст, “ҳамсараш сазовори латту кӯб буд, зеро бо марди дигаре муносибат доштааст.”

Ба гуфтаи духтари тоҷик, гӯиё шавҳараш сипас ба ӯву фарзанди навзодаш шошида ва меҳмонхонаро тарк кардааст. Дар идомаи шаҳодаташ дар додгоҳ ин духтар гуфтааст, дигар чизеро дар ёд надорад ва фақат ҳаминро медонад, ки дар шифохона бедор шуд. Додситонҳои Дубай ба додгоҳ гуфтаанд, тоҷири 37-солаи тоҷик маст буда ва ҳамсари худро аз табақаи дувум берун андохтааст.

Шавҳари ин зан гуфтааст, ин корро накардааст ва аз тарси он ки пулис ӯро барои навиштани чекҳои беэътибор боздошт накунад, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ин мард дар боздоштгоҳ аст. Муҳокимаи ӯро то рӯзи 10 октябр ба таъхир гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG