Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқи инсон -- қурбони бозии қудратҳо дар Осиёи Марказӣ


Александр Кулӣ, муҳаққиқи амрикоӣ

Александр Кулӣ, муҳаққиқи амрикоӣ

Александр Кулӣ сабқати миёни Чину Русия ва Амрико барои нуфуз дар Осиёи Марказиро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Ахиран китоби нави муҳаққиқи амрикоӣ Александр Кулӣ бо номи “Бозиҳои бузург бо қоидаҳои маҳаллӣ” аз дасти чоп берун шуд. Кулӣ дар ин таҳқиқот сабқати афзоянда байни Чину Русия ва Амрико барои нуфуз дар ин минтақаро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Ин муҳаққиқ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бозигарони беруна дар роҳи рақобат барои касби нуфузи сиёсӣ, ҳаққи сохтани пойгоҳҳои низомӣ ва дастрасӣ ба манобеи табиии Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ дар ин қаламравро “қурбон” кардаанд.

Озодӣ: Як нуктаи асосӣ дар китоби Шумо ин аст, ки 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар ин набард барои нуфуз байни Чину Русия ва Амрико мӯҳраи оддӣ нестанд, балки онҳо қоидаҳои худро барои ин набард ҷорӣ кардаанд. Манзури шумо аз “қоидаҳои маҳаллӣ” чист?

Кулӣ: "Як паёми аслии китоб афзоиши фаъолиятҳои Чину Русия ва Амрикост. Бархе аз ин фаъолиятҳо рақобатӣ, бархеаш ҳамкорона ва бархеаш ба тақлид аз ҳамдигар аст, вале ҳамаи онҳо кумак мерасонанд ва ё дар бахшҳои амният, табодули донишҷӯён ва амсоли ин ҳамкорӣ мекунанд. Вале қоидаи бозиро ҳокимони маҳаллӣ муқаррар мекунанд. Манзури ман аз ҳокимони маҳаллӣ режимҳоест, ки манфиатҳои хориҷӣ ва манобеи хориҷиро барои таҳкими қудрати худ ва ҳамин тавр, дар мавридҳои мушаххас, барои андӯхтани сарвати хусусӣ истифода мебаранд."

Озодӣ: Шумо мегӯед, аз ин се қудрати дахил Чин бо холи бештар баранда ба назар мерасад. Чаро?

Кулӣ: "Ба назари ман, мо бояд комёбии нисбии қудратҳои хориҷиро бо назардошти сиёсатҳои онҳо ва аз нуқтаи оғоз қазоват кунем. 10 сол пеш Чин бо ин манотиқи ихтилофи марзӣ дошт ва тиҷораташ низ бо инҳо хеле ночиз буд. Аммо Чин бозигари қотеъ буд ва дар ин даҳсола Созмони ҳамкориҳои Шанхайро таъсис дод, ба як шарики пештози тиҷории минтақа табдил ёфт, бо сӯҳбатҳо дар бораи сохтани лӯлаҳои газу нафт иктифо накарда, дар амаллӯлаҳое сохт, ки газу нафти Осиёи Марказиро ба шарқ мекашонанд, ва бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ шартномаҳои амниятиву марзӣ имзо кард. Ба сурати умум, Чин аҳдоферо, ки дошт, ба самар расонд."

Озодӣ: То ҳол байни ин се абарқудрат дар минтақа рӯёрӯие мушоҳида нашудааст. Ба назари Шумо, оё дар оянда чунин бархӯрд то куҷо имкон дорад?

Кулӣ: "На ҳатман. Набояд фаромӯш кунем, ки аҳдофи ин се бозигари асосӣ гуногун аст. Аз ин рӯ, онҳо метавонанд дар аксари ҳолот дар канори ҳам амал кунанд. Ҳадафи Амрико ҳифзи ҳамкорӣ, амният ва кумак ба маъракаҳояш дар Афғонистон аст. Барои Чин ҳадаф кумак ба рушд ва суботи минтақаи ҳамҷавори Шинҷон аст ва барои Русия – ашёи хоми арзонтар. Ин ҳама бештар марбути ифтихор, обрӯ, ҳифзи мақоми абарқудратӣ ва эҳтиром аст. Аз ин рӯ, ҳатто бо вуҷуди афзоиши бархӯрдҳо ин се қудрат метавонанд ҳузури ҳамдигарро таҳаммул кунанд."

Александр Кулӣ, муаллифи китоби “Бозиҳои бузург бо қоидаҳои маҳаллӣ” вале мегӯяд, бозандаи асосӣ дар ин “бозии бузург”-и наве, ки се абарқудрат дар Осиёи Марказӣ идома медиҳанд, ҳуқуқи башар аст, ки ин се бозигар маъмулан ба хотири расидан ба аҳдофи худ аз чунин масоил дониста чашм мепӯшанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG