Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдор аз сарозер шудани муҳоҷирони афғон ба Тоҷикистон


Собир Аъзам (дар байн) дар нишасти хабарии рӯзи 27-уми сентябр дар Душанбе

Собир Аъзам (дар байн) дар нишасти хабарии рӯзи 27-уми сентябр дар Душанбе

Комиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои ҷилавгирӣ аз афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ як гурӯҳи муштараки дуҷониба таъсис дода шавад.

Собир Аъзам, намояндаи Комиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, рӯзи панҷшанбе, 27-уми сентябр, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон хатари сарозер шудани мавҷи азими паноҳандагон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 400 паноҳандаи афғон вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ҷаноби Аъзам афзуд, "соли оянда дар Алматӣ дар сатҳи вазоратҳо бо иштироки Тоҷикистон баргузории ҳамоише дар назар аст. Қарор аст, дар ин нишаст масъалаи маблағгузории ин кишвар барои ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирати омехта баррасӣ шавад. Зеро дар миёни дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон бинобар ҳаммарз буданаш бо Афғонистон, хатари рӯ ба рӯ шудан бо муҳоҷирати оммавӣ таҳдид мекунад."

Намояндаи минтақавии Комиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин афзуд, паноҳандагон интихоби 3 роҳи зиндагӣ, бозгашт ба ватан баъд аз оромӣ, мутобиқ шудан ба кишвари дувум ва ё сафар ба давлати севумро доранд. Аммо дар ҳоле, ки чанд соли ахир кишварҳои Аврупо бинобар бӯҳрони молӣ ба пазируфтани паноҳандагони афғон чандон моил нестанд, Собир Аъзам мегӯяд, беҳтар аст, агар муҳоҷирони афғон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шаванд ва зиндагиро дар ин ҷо ихтиёр кунанд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки паноҳандагони афғон аксаран Тоҷикистонро ба ҳайси "трамплин" барои интиқол ба кишвари севум истифода мебаранд. Аз ҷумла, Лайлимоҳ, як ҷавондухтари афғон, ки аз соли 2009-ум дар Тоҷикистон паноҳанда аст, зиндагии шоистаи худ ва хонаводаашро танҳо дар кишварҳои Аврупо мебинад.

Ӯ мегӯяд, "дар ватани худамон то соли 2014-ум шароити хуб барои бозгаштан нест. Зеро он ҷо ҳар рӯз, ки аз хона мебароӣ, дубора умеди ба хона омадан мавҷуд нест. Аммо дар Тоҷикстон барои зиндагӣ кардан мо қариб ҳеҷ шароите надорем. Наметавонем таҳсил кунем, имконияти пардохти иҷорапулиро ҳам надорем. Мо тариқи Комиссариёи Олии паноҳандагони СММ мехоҳем, ба мо як кишваре пешниҳод карда шавад, ки мо тавонем ҳадди ақал дарс бихонем ва зиндагии худро дар сурати дуруст пеш бибарем."

Вале Собир Аъзам, намояндаи минтақавии Комиссариёи Олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, бо он ки Тоҷикистон худ мушкилоти зиёд дорад, бино бар имкониятҳояш ба хонаводаҳои афғон кӯмак мекунад. "Бинобар ин, паноҳандагон бояд барои беҳбуди зиндагияшон дар ин кишвар фаъолтар бошанд ва аз худ иқдом нишон диҳанд. Ман зимни ин сафарам бо бархе аз паноҳандагони афғон вохӯрдам, ки тиҷорати худро дар Тоҷикистон доранд ва маҷрои зиндагии худро ба роҳ мондаанд",-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон 4 ҳазор паноҳандаи афғон ба сар мебаранд ва 600 нафари дигар интизори дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ аз мақомоти Тоҷикистонанд. Хосе Еуседа, намояндаи Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, "соли гузашта мо моҳе дархости аз 5 то 8 хонаводаҳои муҳоҷирони афғонро қабул карда ба онҳо кӯмаки башардӯстона низ расонидем. Дар ин баробар, ба онҳо як мабалғи муайян барои пардохти иҷорапулӣ ва пеш бурдани зиндагӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин, дар интиқоли 27 оилаи ғолибан ниёзманд ба кишвари севум муосидат намудем."

Зимнан, раванди муҳоҷирати афғонҳо ба Тоҷикистон дар даҳаи 1990-ум, пас аз касби истиқлоли ин кишвар, густариш ёфт. Аммо бо шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон дар солҳои 2000-ум ин раванд бештар авҷ гирифт. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки қабули паноҳҷӯёни афғонро рад намекунад.
XS
SM
MD
LG