Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: "Башор Асад дудаста ба қудрат часпидааст"


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида

Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти навбатии Шӯрои амният гуфт, Амрико хоҳони давраи гузариш бидуни Башор Асад аст.

Баҳси навбатӣ оид ба бӯҳрони Сурия дар Шӯрои амнияти СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки аз низоъ дар ин кишвар 18 моҳ сипарӣ шуда, кай поён ёфтани он муаммо боқӣ мемонад. Нишасти Шӯрои амният берун аз долонҳои иҷлоси Маҷмааи умумии Созмони Милал баргузор шуд.

Намоишҳои эътирозии мардум алайҳи ҳукумати Башор Асад дар баҳори соли гузашта ба низои мусаллаҳона печид, ки бар асари он, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, тақрибан 27 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милал, ба Шӯрои амният ҳушдор дод, ки агар ҳалли қазияи Сурия пайдо нашавад, низоъ густардатар хоҳад шуд ва шояд дигар кишварҳои минтақаро ҳам фаро гирад. Ӯ низои Сурияро таҳдид ба суботу амнияти ҳама ҷаҳон донист ва афзуд, бурунрафт аз ин бӯҳрон аз роҳи низомӣ номумкин аст.

Аз ин пеш Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, аз минбари иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ, аз пешниҳоди ҳалли бӯҳрони Сурия тавассути дахолати низомии хориҷӣ интиқод кард. Ӯ таъкид кард, Миср барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия ҳама талошашро ба харҷ медиҳад.

Нобил ал-Арабӣ, Дабири кулли Ҷомеаи кишварҳои араб, дар нишасти Шӯрои амният гуфт, нигоҳи Созмони Милал ба бӯҳрони Сурия бояд тағйир хӯрад. Ба гуфтаи ӯ, низоъро бояд ба эътидол овард, зеро фақат ҳангоми эътидол нуқтаи назари ҳама ҷонибҳо ба назар гирифта мешавад. Ал-Арабӣ бо таассуф афзуд, бӯҳрони Сурия рӯз то рӯз амиқтар мешавад ва ҳукумати Димишқ фақат барои аз байн бурдани мухолифини мусаллаҳ талош дорад ва ҳама гуна ибтикор, аз ҷумла, пешниҳодҳои Ҷомеаи кишварҳои арабро нодида мегирад. Ӯ Шӯрои амниятро барои он интиқод кард, ки панҷ узви доимияш натавонистанд дар робита ба ҳалли бӯҳрони Сурия ба созиш бирасанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба мардуми Сурия беш аз 100 миллион доллар харҷ кардааст. “Мутаассифона, Башор Асад дудаста ба қудрат часпидааст ва хушунаташ боиси бӯҳрони башарӣ гардид”,-афзуд хонум Клинтон. Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки Вошингтон хостори хатми хушунат ва шурӯи давраи гузариш бидуни Башор Асад аст.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, як бахши масъулияти идомаи хунрезӣ дар Сурияро дар ӯҳдаи кишварҳое гузошт, ки аз оштӣ ва муколамаи мухолифин бо ҳукумати Димишқ ҷилавгирӣ мекунанд ва ҳамзамон истеъфои бечунучарои ашор Асадро талаб доранд. Ин гуна бархӯрд, ба гуфтаи Сергей Лавров, ғайривоқеист ва он “пуштибонӣ аз терроризм аст, ки мухолифини ҳукумати Сурия ҳарчӣ бештар аз он кор мегиранд”.

Русия ва Чин се бор ба қатъномаҳои Шӯрои амният оид ба хатми низоъ дар Сурия, ки аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Бритониё таҳия шудаанд, вето гузоштаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG