Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия "рӯйхати сиёҳ"-и сомонаҳо нашр мешавад


Қарор аст имрӯз ҳукумати Русия номгӯи сомонаҳои интернетии вориди “рӯйхати сиёҳ”- нашр кунад.

Екатерина Ларина, як масъули вазорати мухобироти Русия, гуфт, ки баъд аз нашри номгӯй он дар сомонаи интернетии вазорат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Хонум Ларина афзуд, “рӯйхати сиёҳ”-и сомонаҳо, ки метавонанд бо қарори додгоҳ баста шаванд, дар пояи “Қонун оид ба маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилои зиддиҳуқуқӣ дар интернет” таҳия мешавад. Ин Қонун фақат як бор дар Думаи давлатии Русия баррасӣ шудааст ва такмили он аз сӯи вакилон идома дорад.
XS
SM
MD
LG