Пайвандҳои дастрасӣ

Ривоҷ ёфтани мадҳиясароӣ дар васфи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳфилҳои адабиро нигарон сохтааст.

Дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро “шоҳи шаҳанҳоши ҷаҳон”, дар Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамадовро “азизтарин фарзанди Худо”, дар Қазоқистон, Нурсултон Назарбоевро “падари миллат” номидаанд, ки нофи Қазоқистонро буридаву бузургаш кардааст.

Адибони қирғиз низ бо чунин муболиғаҳо, раҳбарони пешини кишварашонро ба осмон бардоштаанд, ки баъдан ду нафари онҳо -- Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев дар ошӯбҳои мардумӣ сарнагун шуданд. Дар Узбакистон то соли 1994-ум Ислом Каримов дар ашъори адибони узбак тавсифу таъриф мешуд, аммо баъдан хушаш наомад, ки хост, мадҳи ӯро бас кунанд.

Айни насиҳатҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон зоҳиран ба гӯши мақомот нарасид, ки беҳтарин мадҳияро фармоиш медиҳанд. Дар ин мадҳияҳо мешунавем, ки чӣ гуна ба шарофати раисиҷумҳур ҳама орому осуда зиндагӣ доранд, агарчӣ воқеият дигар аст.

“Пешво хуш омадӣ, хуш бош дар Рӯшони худ,
Омадем бар пешвозат бо дили ҷӯшони худ.
Ай подшоҳи боадолат, эй инсони хоксор,
Поянда бод давлату тахти ту устувор.”


Истиқболи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Рӯшон

Истиқболи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Рӯшон

Лолаи Саидакбар, хабарнигори тоҷик, ки дар ҳамин бора гузорише навиштааст, мегӯяд, ҳоло ба аксарият мадҳияхонӣ хуш намеояд, аммо бо вуҷуди ин баъзе аз адибон аз рӯи тамаъ ҳамин жанрро пеша кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтиёҷ аст, ки шоирони тоҷик ба мадҳиянависӣ водор кардааст: "Аз бечорагӣ мадҳ мегӯянд. Ҳамон шоироне, ки мадҳиясароянд, ба як ҷое расидаанд, ҳамаашон қаср доранд, ҳавлӣ доранд. Яъне дар Тоҷикистон тири мадҳия ба ҳадаф мерасад."

Ба гуфтаи Шайлобек Дуйшеев, адиби халқии Қирғизистон, мадҳиясароӣ дар ин кишвар дар замони Аскар Акаев, раисиҷумҳури пешин, ривоҷ ёфт ва адибон ба хотири наздик шудан ба ӯ ва ё ба истилоҳ дарбориён, на танҳо раисиҷумҳур, балки аъзои хонаводаи ӯро ҳам ситоиш мекарданд: “Дар замони Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев мадҳиясароӣ зиёд буд. Ҳатто беҳтарин адибон ба хотири наздикӣ ба раисиҷумҳур, дар бораи Акаев ва ҳатто занаш мадҳия менавиштанд. Ба мардуми мо дар Осиёи Марказӣ, эҳтиром ба бузургону мансабдорон хос аст, вале баъзан онҳо бо муҳобо, аз марзи эҳтиром мегузаранд ва тамаллуқ мерасанд.”

Сафармурод Ниёзов

Сафармурод Ниёзов

Онгуна ки Худойбердӣ Халиев, нависандаи туркман мегӯяд, бо вуҷуди он ки мадҳиясароӣ дар назми туркманӣ дер пайдо шуд, аммо дар замони Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури пешин ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вориси ӯ ба авҷи аълояш расид: “Адиби хубе дорем, ки дар бораи Бердимуҳаммадов чунин навишта буд, “Ту азизтарин фарзанди Худо ҳастӣ”. Ман ҳайронам, ки онҳо чӣ гуна ин шеърро нашр кардаанд, зеро аз рӯи эътиқоди динӣ Худованд, фақат банда дорад, на фарзанд.”

Маралтай Ибираев, адиби қазоқ ва муаллифи як достон дар бораи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, аст, ки зиндагии осудае дорад. Ӯ мегӯяд, онҳоро адиби маддоҳ гуфта таҳқир мекунанд, ки дуруст нест, зеро ин адибон “як навъ таърихнигорони замони худанд”.

Боймурод Шарифзода, адабиётшиноси тоҷик, ки пажӯҳише дар бораи мадҳиясароӣ анҷом додааст, ба ин гуфта мувофиқ аст ва мегӯяд, маҳз аз мадҳияҳо хотираҳои зиёде дар бораи шоҳони гузашта мондааст. Ба гуфтаи ӯ, мадҳиясароӣ қабл аз замони устод Рӯдакӣ ҳам буд ва Анвариву Ҳоқониву Муизӣ аз шоироне буданд, ки қасидаҳои мадҳии онҳо бо тасвирҳои зебову санъати сухан нотакроранд. Аммо Боймурод Шарифзода мегӯяд, мадҳияҳои шоирони муосир, “хор кардани сухан” аст. “Инҳо ҳеҷ арзише надоранд, ягон арзиши ҳунариву бадеӣ надоранд, мазмун доранд, вале ба мадҳия аз рӯи мазмун, балки аз рӯи ҳунар баҳо медиҳанд”,-афзуд ӯ.

Он гуна ки Амрихудои Нозим, хабарнигори тоҷик, навиштааст, шоирони мадеҳасаро бо дурӯғпардозӣ ва нерӯи фасоҳат ва балоғат коҳеро кӯҳ, мӯеро ресмон, ҳақро ботил ва ботилро ҳақ ҷилва медоданд. Ба гуфтаи ӯ, шояд барои маддоҳони феълӣ дар Тоҷикистон "ин аҳамият надошта бошад, аммо бо назардошти вазъи кунунии иқтисоду сиёсат, маорифу иҷтимоиёт ва арсаҳои дигар рӯ ба мадҳу ситоиш овардан, нодида гирифтани камбудиҳост, ки оқибат надорад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG