Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Абу Ҳамза ба ИМА мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи олии Бритониё тасмим гирифт, ки истирдоди тарғибгари ифротгаро Абу Ҳамза ал-Масриро то муҳокимаи нав мавқуф гузорад. Рӯзи душанбе Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба истирдоди Абу Ҳамза ба Амрико иҷоза дода буд.

Ал-Масрӣ ва як ҳамсафаш, ки онҳоро ИМА дар терроризм айбдор мекунад, рӯзи чаҳоршанбе дар бораи бознигарии ҳукми истирдод ба Амрико ариза навиштанд.

Онҳо мегӯянд, далелҳоеро пешниҳод хоҳад кард, ки додгоҳро барои бознигарии ҳукми истирдодро водор хоҳад сохт.

Дар ИМА ба Абу Ҳамза ҳабси абад дар зиндони низомаш шадид таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG